Arzon march 2024
РАДДИЯ ба даъвои корбарони ИНТЕРНЕТ
16.03.2020
Oila.tj
3486

Рӯзҳои охир дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи интиқод болои матолиби сомонаи Oila.tj зиёд шудааст.

Интиқодгарон бар он назаранд, ки хабарнигорони сомона бо истифода аз рисолати касбӣ ба таҳқиру пастзании занҳои ҳиҷобпӯши тоҷик даст мезананд. Бояд гуфт, ки ҳадафи Оила на паст задани шаъну шараф ё расидан ба иззати нафси зан-модари тоҷик аст, балки мо мехоҳем, ки мушкилоти оилавӣ, масоили ҳалталаб ва баҳсҳои гармро дар мавзӯъҳои доғ расонаӣ карда, бо ин восита саҳми худро дар пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ гузорем. Мароми мо инъикоси воқеии зиндагии мардум аст. Оила ҳаргиз ба зарари ҷомеъ набуд ва чунин андеша ҳам надорад.


Инчунин, бояд зикр кард, ки бинобар сабаби мавҷуд набудани бойгонии аксҳо ва розӣ нашудани аксари хонандагон ба гузоштани расмашон сомона маҷбур мешавад, ки ба торномаҳои интернетӣ муроҷиат намояд. Дар ин замина, на ҳама аксҳо ба қаҳрамони матлаб тааллуқ дорад. Аксҳо вобаста ба муҳтаво ва ҳадафи матлаб, инчунин мувофиқ ба урфу оддат ва шароити зиндагии хонандагон интихоб карда мешаванд.

Сомона барои расидан ба иззати нафс аз хонандагони худ узр пурсида, ваъда медиҳад, ки минбаъд аксҳои воқеии қаҳрамононро мувофиқ бо риоя аз унсурҳои Меъёрҳои ахлоқию касбии фаъолияти рӯзноманигорӣ нашр менамояд. Аз хонандагон ҳам даъват карда мешавад, ки барои ҷонноктар намудани фаъолият бо сомона ҳамкорӣ намоянд.

Oila.tj - минбари боэътимод ва ҳомии манфиати мардум аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД