arzon replenishment
Ишқи интернетӣ хушбахтӣ меорад ё бадбахтӣ?
1817

 

Ҳаёти ҷавонони имрӯзаро бе интернет тасаввур кардан душвор аст. Дар баробари манбаъи бузурги маълумотҳои ҷолибу навору филмҳои тамошобоб будан интернет ба василаи хуби шиносоӣ табдил ёфтааст.

Оё ба ишқи интернети бовар кардан мумкин аст? Ишқи интернетӣ ба кас хушбахтӣ меорад ё бадбахтӣ? Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан мо бо чанд нафар ҷавонони сокини шаҳри Душанбе ва навоҳии атроф ҳамсуҳбат гаштем.

Дилнозаи Саттор:

Дугонаам бахташро аз интернет ёфт

Чор сол пеш дугонаам Матлуба бо як ҷавон тариқи интернет шинос шуда, саатҳои дароз сӯҳбат мекарданд. Ман, ки ба ишқи интернетӣ бовар надорам, мудом бо дугонаам ҷанг мекардам, ки ба ин ҷавон бовар накунад. Метарсидам, ки он ҷавон дугонаамро аҳмақ карда мепартояд,аммо хаёлам ботил баромад. Онҳо ба ҳамдигар ошқи зор гашта, бо тӯю тамошо хонадор шуданд ва ҳоло соҳиби ду фарзанданд.

Заррина Маҳмадова:

Дугонаҳоям аз ишқи инернетии худ пушаймонанд

Ман ба ишқи интернетӣ бовар дорам, чунки бо ҳамсарам маҳз тавассути интернет шинос шуда будем. Ҳоло соли чоруми оиладориамон аст. Албатта зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёде дорад ва мисли ҳама оилаҳо байни мо низ гоҳ-гоҳ нофаҳмӣ мешавад, вале дар маҷмуъ хушбахт ҳастем. Чанд нафар дугонаҳоям низ ишқи интернетӣ доштанд, вале баъзеашон ҷудо шуданду бархи дигар оиладор гашта бошанд ҳам, хиллатҳояшон бо ҳамдигар мувофиқ наомад. Онҳо дар бадбахтии худ интернетро гунаҳкор медонанд, аммо ман фикр меунам, ки ҳамааш аз худи шахс вобаста аст. Зан, агар шавҳарашро дӯст дорад ва аҳли оиларо ҳурмату эҳтиром намояд, сарфи назар аз н ки чи тавр шинос шудаанд, хушбахт мешавад.

Далер Намозов:

Интернет доми фиреб аст

Вақте ки кас тавассути интернет бахти худро меҷӯяд, ин рафораш аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин шахс бовариро дар ҳаёти воқеӣ аз даст додааст ва аз ҳамин сабаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ бахташро ҷустуҷӯ менамояд. Барои ин тоифаи одамон интернет роҳи охирини расидан ба хушбахтист, вале аксаран умедҳояшон барбод меравад. Бо воситаи интернет сӯҳбат карда, дар асл чи хел инсон будани касро фаҳмидан бисёр мушкил аст, чунки аксари одамон ҳатто номи аслии худро пинҳон дошта, бо НИК худро дар интернет муаррифӣ менамоянд. Шумо намедонед, ки ҳамсӯҳбататон дар асл кист ва чи дилу ният дорад. Эҳтимол дар зери нкқоби як одами маданӣ ва меҳрубон қотл ё дузде ниҳон бошад, ки мақсадаш танҳо ба дом афтонидани шахси дигар аст. Зиндагӣ бозича нест, бинобар ин, ман ба ҷавонон маслиҳат медиҳам, ки хеле эҳтиёткор бошанд ва ба ишқҳои интернетӣ бовар накунанд.

Орзу Раҳимов:

Интернет духтарҳро бероҳа мекунад!

Шахсан ман зидди ишқи интернетӣ ҳастам, чунки вақтҳои охир маҳз ҳамин ишқҳои бемаънӣ сабаби вайроншавии даҳҳо оилаҳои ҷавон гашта истодаанд. Имрӯзҳо натанҳо духтарону ҷавнонон, балки занҳои шавҳардор низ бештари вақти худро дар интернет мегузаронанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорон мардони занбоз ва беномусе ҳастанд, ки бо суханҳои ширин ин занону духтаронро ба дом афканда, бероҳаю бадном месозанд. Оқибати ишқи интернетӣ танҳо шармангист, банобар ин, ман ба ҷавонон, хса ҷинси латиф тавассути интернет шинос шудан ва ишқбозӣ краданро маслиҳат намедиҳам.

Азиза Валиева:

Ҳамсоядухтар аз шармандагӣ хушкушӣ кард

Ман ба ишқ бовар надорам, махсусан ба ишқи интернетӣ. Як духтари ҳамсояаамон бо ҷавоне тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ шинос шуда буд ва чанд муддат онҳо ба қавле Лайлию Маҷнун буданд. Намедонам аз байнашон гурбаи сиёҳ гузашт ё ягон ҳодисаи дигар рӯй дод, ки гапашон гурехта, баъди чанд моҳ ҷудо шуданд. Медонед он номард чӣ кор кард? Он ҷавони нобакор тамоми суратҳои духтарро монтаж намуда, ҳамчун як фоҳиша дар шабакаҳои интернети паҳн намуд. Бечора духтарак ба шармандагӣ тоб наоварда худкушӣ намуд. Ана ҳамин аст оқибати ишқи интернетӣ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД