arzon replenishment
Пушаймонӣ (ҚИССАИ ШАБ)
2093

Далер косаи шӯрборо бо қошуқ кофту гӯшт надид. Шӯрбои донагиро бо нахӯду лӯбиё ҳамсараш пухта буд.

Ӯ косаро гирифта, ба ҳамсараш, ки ин дам оромона бо писаронаш хӯрок мехӯрданд, нишон дода, дод зад:

- Канӣ гӯшташ? Ин хӯроки ту на мазза дораду на намуд, ранги худат, занаки чиркак, гир ин косаро, вагарна ба сарат холӣ мекунам!

- Мардак, пеши кӯдако магар айб нест чунин гапҳои дағал, охир куҷои ман ё хона чирк аст?

- Э бо ту гап мезанӣ, дафъ шав аз пеши чашмонам!

Далер аз сари дастархон хесту либосҳои тозаву оростаашро мисли шаҳбачаҳо пӯшида, берун баромад. Соат 18:00 буд, фасли баҳор. Ӯ ба маъшуқаи навбатиаш занг зада, гуфт, ки ба назди қаҳвахонаи туркии “Мерве” биёяд, якҷоя тановул мекунанд.

Ин дам ҳамсараш ба пешаш бо чашмони пурашк омада, гуфт:

- Мардак, охир ду моҳ аст, ки ғайри нону пиёзу картошка чизе ба хона намеоред, ҳатто сабзӣ надорем, гӯшт он тараф истад. Ман барои ҳамин имрӯз хӯроки донагӣ пухтам.

- Ду моҳ ҷигари гов харидам, тамом шуд?

- Охир, худатон хӯрдед ку, аз ёдатон баромад? Агар гӯшт мебуд, хомшӯрбо мепухтам.

- Э рав, занаки чиркак, аз пешам, хотири бачаҳом аст, вагарна сар медиҳамат.

Ӯ ба мошини хориҷиаш нишасту ба сӯйи қаҳвахонаи “Мерве” ҳаракат кард.

Ин лаҳза Шабнам мехост аз гиребонаш бигираду дод бигӯяд:

- Охир, дар вақташ дӯст доштӣ, худро Маҷнун кардӣ, даҳ бор хонаамон хостгор фиристодӣ, ба тозагии ману фарзандонам тамоми маҳалла ҳавас мебаранд, аммо ман пеши ту ин қадар пастам. Барои зиндагӣ чӣ кардӣ? Канӣ хонаи худамон? Дар хонаи иҷораем, аз бом об мечакад, ту рӯзи дароз нестӣ, ман ҳамсояҳоро зорӣ мекунам, ки омада боми моро таъмир кунанд. Худро пеши мардум неку саховатманд нишон медиҳӣ, аммо гоҳо мешавад, ки барои писаронат ҳатто як дона себ намеёбам бидиҳам. Эҳ Далер... Куҷо шуд аҳду паймонат?

Шабнам ашки чашмонашро пок карду ба назди писараконаш рафт. Онҳо беист ғаш карда, шоколад мепурсиданд.

Далер ба назди қаҳвахонаи “Мерве” расиду маъшуқаи таннозашро дид. Хандону шукуфон аз мошинаш фаромад. Ҳарду даст ба даст чун кабӯтаракон ба дохили қаҳвахона даромаданд. Хӯроки туркӣ ва қаҳваи сиёҳ фармоиш доданд. Далер дастони маъшуқаи ҷавонашро бӯсида, мегуфт, ки аз зиндагии сагона бо зани чиркаку безебаш асабҳояш хароб аст.

- Ту ками дигар тоқат кун, Зуляҷон, ман ин чиркака сар медиҳам, баъд туро бо тӯю тамошо мегирам.

- Як сол аст ваъда медиҳӣ ҷонам,- бо нозу ишва қош паронда, гуфт Зуля.

- Не, кам монд, дафъ мекунамаш.

- Ҷонам, кай бароям зиреҳи тилоӣ мегиред?

- Фардо мегирам, асалаки ман.

Баъди хӯроки шомгоҳӣ онҳо ба меҳмонхона рафтанд. Қарибиҳои субҳ арӯсашро ба хонаашон гусел карду худаш ба сӯйи хона равона гардид. Ними роҳ мусиқиро баланд карда, мошинро хеле бо суръати баланд ҳаракат дод. Ногаҳон аз бари роҳ як мошини фураи калон баромад.

Мошин ба мошини ӯ бархӯрд. Далер беҳуш шуд. Вақте ба ҳуш омад, дар як партовгоҳ мехобид. Сагҳо аз партов қути лоямут кофта, ӯро бӯй мекашиданд. Ӯ ба сару либосаш нигарист. Шимаш ҳазор сол гӯё обро надида буд. Аз танаш бӯйи ҳаром меомад. Мӯйи сараш расида, ношуста буд. Шикамаш гушна, ба даруни партовҳо даст андохт. Як печении нимхӯрдаро ёфта, ҳарисона ба даҳон дохт. Онтарафтар ду бомжи дигар дар кофтани хӯрока буданд. Далер фикр мекард, ки дар кадом киное нақш бозида истодааст. Канӣ Шабнам, кани Ҳасану Ҳусейн, чаро ман инҷоям?

Ӯ калавида-калавида хесту ба сӯйи хонааш рафт. Рӯйи ҳавлӣ марди ношиносеро дид, ки бо ҳамсару писаронаш рӯйи кат нишаста, оши палавро дулунҷа хӯрда истодааст. Аламаш омад. Дод гуфт, аммо касе овози ӯро намешунид, ӯро намедиданд гӯё.

- Э одам, чаро ту дар хонаи манӣ?

Аммо онҳо посухе надода, хушбахт рӯйи кат хӯрок мехӯрданд.

Далер гириста-гириста, пас гашт. Мошине аз роҳ мегузашт, худро таги мошин партофт...

- Далерҷон, мардакҷон, ба худ омадед?

Чашмонашро кушоду болои сараш ҳамсари зебояшро дид.

- Оҳ очаи кӯдако, чӣ қадар ту тозаву зебоӣ, маро бубахш...

Худованд ҳар дилеро аз имону инсоф саршор гардонаду ҳар оилаеро хушбахт.

Боқӣ, зиндаву саодатманд бошед!

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД