Arzon march 2024
Пули наҳс (қисми 2)
1426

Давомаш ... Аввалашро дар ин ҷо хонед.

- Имшаб хоб дидам, ки отам бароям велосипед харидааст.

Сонӣ бо дили умедбахш ба падараш нигоҳ карда, пурсид:

-Хоби хуб дидам-а?

-Ҳа-а, фоли нек аст, -дар ҳоле, ки лабханд бар лаб дошт, гуфт падар.

-Яъне, дар рӯзҳои наздик соҳиби велосипед мешавам-а?

-Зиндагӣ бо орзу ширин аст,-гапи писарашро об дода, бо хушнудӣ гуфт модар ва афзуд:-Асло ғам нахӯр. Худованд меҳрубон аст. Ҳамту не, отаи Орзуҷон?

Падар фаррох табассум намуд ва нигоҳаш ба нигоҳи ҳамсараш печида:

-Рост-рост,- гӯён, бо аломати тасдиқ сар ҷунбонид.

-Ота, мехаред-а?

Сукут варзид падар.

-Сукут аломати ризост,-сӯҳбатро хотима бахшид модар.

Орзу бо орзуҳои ширин шабро рӯзу рӯзро шаб мекард. Рӯзеро интизор буд, ки худро савори велосипед бубинад, ҷӯраҳояшро бисӯзонад. Аммо аз он рӯз нишоне набуд, ки набуд.

Азбаски падари Орзу фақир буд, ин орзуяш ҳеҷ амалӣ намешуд. Ҳатто велосипедро дар хобаш ҳам намедид. Аммо…

Рӯзе, аз роҳ пул ёфт. «Урааа!» гуфту бедор шуд ва ғамгин гашт. Пас аз ин орзуи пул ёфтан дар дилаш ҷо шуд. Аз қазо, ин орзуяш амалӣ шуд. Рӯи роҳ ҳамёнеро дид. Зуд онро бардошту ба кулвораш андохт. Ҳамзамон касе ӯро садо кард.

-Ҳой, Орзу!

Ӯ як қад парида, карахт истод.

-Чӣ ёфтӣ?

Ҷӯрааш Каримро рӯи боми хонаашон дид.

-Ҳеҷ чӣ…

-Чӣ хел ҳеҷ чӣ? Ба сумкаат андохтӣ-ку?

-Хайр чӣ? Сумкаи худам, ҳар чӣ хоҳам, андохтан мегирам, ба ту чӣ, – гуфт ӯ ва бо дабдабаю бовиқор қадам зада, лаҳзае пас аз назари Карим ғоиб шуд.

Орзу бесадо ба ҳавлӣ ворид гашта, ба чор тараф чашм давонд. Касеро надиду зуд худро ба ҳоҷатхона гирифт ва ҳамёнро кушод. Ҳамён пури пул буд. Чун пулҳоро дид, чашмонаш аз ҳарисӣ барқ зад. Дилаш сахт-сахт ба таппиш омад. Ба чашмонаш бовар накард. «Хобам ё бедор?», чашмонашро пӯшида, аз нав кушод. Не, не! Мисли рӯз равшан, хоб нест, бедорист.

-Пул аст, пул!

Баногоҳ ӯро арақи сард пахш кард.

-Оҳҳ-ҳ-ҳ… – ангуштонаш ларзиданд.

-Оҳ!-гӯён ошиқонаву ҳарисона ба пулҳо назар меафканду қалби кӯчакаш метапид.

-Ҳа, пули бахткушо, пули бахткушо,-такрор мекард ӯ бо рӯҳи болида. Орзуяш болу пар мекушояд! Чӣ хуш аст пул доштан! Тамоми ҷисму ҷонаш фараҳманд мешавад!

-Оҳ, пул, пулҷон!

-Орзу, бо кӣ гап мезанӣ? –овози модар ӯро як қад паронд.

Вай бо азоб ғалаёни дилашро фурӯ нишонда, кӯшид, то худашро ҷамъ оварад.

-Бо худам.

Модар ҳавоси парешони писарашро дида, пурсид:

-Аз чӣ хотирпарешонӣ, ҷони оча? Таб дорӣ? Чаро меларзӣ?-модар каф ба пешонии ҷигарбандаш бурд.

-Не, таб надорӣ, арақ кардаӣ.

-Давида ба хона омадам, барои ҳамин.

-Чаро давидӣ?

-Саге маро таъқиб кард.

-Ҳо, ҳушёр шав писарам, ҳоло сагҳои дайду бисёр шудааст.

-Ту ба хона даромада, дам гир ҷони оча, ман ба хонаи бибият рафта меоям.

Тақ-тақи дарвоза Орзуро як қад паронд. Сагашон Ҷага таҳдидомез ба ҷакиш даромад. “Бегона,-гуфт ӯ худ ба худ.-Кӣ бошад?”

Ҳоло ӯ намехост касеро бубинад. Гумоне дилашро харошиду ба ташвиш афтод. «Соҳиби пул набошад?», бо таҳлуқа андешид.

Ҳушу ёдашро сарҷамъ карда «накушоям, меравад», худро таскин бахшид. Лекин нарафт...

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД