Рӯзе буд хушҳаво ва фораму гуворо. Нурҳои офтоби дурахшон ба пирамард чӣ қадар ҳаловат мебахшид. Вай дар аробачаи маъюбӣ нишаста, нигоҳаш ба дурдаст, ба нуқтаи мавҳуме хира буду хаёлаш дар дунёи мубҳаму мармузе сайр мекард…
-Бобо! - садои набера ӯро ба худ овард.
-Ҷони бобо!
-Як сум диҳед.
-Чӣ кор мекунӣ?
-Яхмос мехарам.
-Ҳа-а,-мад кашида, бо таассуф пешонӣ молид бобо.-Ҳоло пул надорам…
-Шумо ҳамеша пул надоред,-бедимоғу ранҷишомез сухани боборо бурид набера.
-Хайр, ғам нахӯр, ҷони бобо,- набераро таскин бахшид бобо.-Пагоҳ нафақаамро меоранд. Як сум не, ду сум медиҳам. Ҳоло, рав, бозӣ кун.
Набера боборо песонд, сонӣ хомӯшу хаёлӣ, чин бар ҷабин, ба кӯча баромад. Фосилае баъд дар даст яхмос шоду масрур ба ҳавлӣ ворид гашт. Панҷаи гумони баде дили боборо фишурд. Тарсиду бесаранҷом шуд ва бо таҳлука пурсид:
-Дуздидӣ?
-Харидам,-бепарво ҷавоб дод набера.
-Харидӣ? Аз куҷо пул ёфтӣ?
-Аз роҳ.
-Рост мегӯӣ?
-Наход ман дурӯғ гӯям?
-Уф-ф,-оҳи сабук кашида, боз пурсид: -Се бор баланд садо кардӣ, ки пул аз кист?
-Кардам, бобо, лекин ба таҳи дилам.
-Оббо, кори хуб накардӣ, ҷони бобо, -коҳишомез ғур-ғур кард бобо.
-Э-э, як сум чӣ пул аст?-эътироз намуд набера.
-Ҳама чиз аз кам оғоз мешавад, -насиҳатомез гуфт бобо ва афзуд:- Хасдузд шутурдузд мешавад, мегӯянд.
Пасон таъкид намуд:
-Дар гӯшат ҳалқа бикун, пуле ки бо меҳнати ҳалол ба даст наомадааст, насиб намекунад, ҳатман наҳсие пеш меорад.
-Наҳсӣ меорад? Барои чӣ?
-Барои он ки пули наҳс аст.
-Э, бобоҷоне, -қир-қир хандид набера.-Пул пул аст, ҳеҷ гоҳ наҳс намешавад.
-Беҳуда наханд,-ҷиддӣ ва бо оҳанги танбеҳ гуфт бобо.-Мешавад. Ҳоло ман ба ту қиссаи пули наҳсро нақл мекунам.
ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:
Пеш аз он ки қиссаро оғоз кунад, симояш тағйир ёфт, пешонааш пурожанг гашт, ба сукут рафт. Аён буд, ки нақли ин қисса барои бобо осон нест.
-Бобоҷон, ман ба шунидани қиссаи шумо тайёр,-гуфт набера.
-Хуб, сар мекунам, гӯш кун,-гуфт бобо ва идома дод:-Дар як замон ва як макон, писараке зиндагӣ мекардааст…
-Чӣ ном доштааст?
-Кӣ?
-Писарак.
-Номаш он қадар муҳим нест…
-Не, муҳим аст, қаҳрамони қисса бояд ном дошта бошад.
-Хуб, номаш Орзу буд. Вале дигар суханамро набур…
-Барои чӣ?
-О бетоқате. Агар сухани маро, ки буридӣ, дигар ба зудӣ ба ёд оварда наметавонам.
-Узр, бобоҷон, давом диҳед.
-Ҷони ман, ки бошӣ, Орзу орзу карданро биёр дӯст медошт. Ҳангоми дар синфи шашум хонданаш орзуи велосипед ба дилаш ҷо шуд. Вақте бачаҳои велосипедсаворро медид, шавқу ҳавасаш як бар даҳ меафзуд.
Орзуи велосипед ӯро ҳеҷ ором намегузошт, ки намегузошт. Ниҳоят рӯзе аз рӯзҳо тоқат накарда, вақти хӯроки субҳ, таваккал ба сари кал, гӯён назди падару модар ормони дар дил нуҳуфтаашро ба забон овард:
Давом дорад ...