arzon replenishment
Нуриниссо: Ҳамсояҳо бароям падару модар шуданд
1228

Чанд муддат пеш Нуриниссо барои кӯмак ҷиҳати дарёфти кор ба сомонаи мо муроҷиат кард. Мо аз аҳволаш пурсон шудем. Имрӯз меҳмони идора шуд ва рӯзгорашро бо оҳи сард нақл кард.

Ӯ зиндагии пур аз моҷарое дорад ва ҳама вақт дар санҷиши пасту баландиҳои ҳаёт қарор гирифтаааст. Ҳанӯз роҳгардон нашуда буд, ки модари меҳрубонашро аз даст дод.

Нуриниссо гуфт, ки аз якунимсолагӣ дар тарбияи ину он буд ва аз дасти ҳар кас нон хӯрдааст. Занҳои ҳамсоя барояш модар шуданду дастархони хонаҳояшон дар пешаш кушода буданд.

Сарнавишти талху шӯр боз ба рӯяш нахандиду ӯро дигарбора зери санҷиши сахти худ гирифт. Ҳоло пой ба даргоҳи мактаб намода, ягона узви оила, сарвару саробон - падарашро аз даст дод.

Нуриниссо дар байни замину осмони сахту баланд якаву танҳо монд. Зиндагии сахте аз сар гузаронд. Касе аз хешовандон ӯро бо худ нагирифтанд. Аз рӯи дилсӯзӣ зани ҳамсоя, ки қаҳрамони мо дугонаи духтараш буд, ӯро ба хонааш овардаву то имрӯз барояш модарӣ мекунад.

Ин зиндагии сахт Нуриниссоро барвақт дар куррааш обутоб дод. Ӯ барвақт ба кор кардаву одат карду пул ба даст оварда, худро таъмин менамояд.

Нуриниссо бо оҳи сард гуфт, ки ҳанӯз замони дар синфи нуҳум хонданаш аз духтарони ҳамсоя дар матоъ нигин часпондану ороиш додани куртаро ёд гирифт. Минбаъд оҳиста-оҳиста худаш фармоиш мегирифту аз щисоби ин ҳунар маблағи хубе ба даст меовард.

Зиндагии сахт ва меҳнати зиёд пеши роҳи ин духтари меҳнаткашро нагирифт ӯ аз хондан даст накашад. Мактабро бо баҳои хубу аъло тамом карда, бо дониши худ ба таври ройгон ба Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дохил шуд. Натиҷаи меҳнати зиёд ва дониши хубаш буд, ки тӯли 4 соли таҳсил идрорпулӣ гирифт.

Ин омадҳои зиндагӣ дар баробари сарнавишти сангини тақдир барояш ҳамчун туҳфа буданд. Оре, ӯ бе соҳиб буд, аммо муҳтоҷи касе не. Бо панҷаҳои ҳунаррезу дониши комилаш худро таъмин менамуд.

Коллеҷро хатм намуд. Даме дар ину он ҷо кор кард, то рӯзиашро ба даст орад. Ҳозир як пиразанро парасторӣ мекунад ва даромади иловгӣ аз ин ҳисоб дорад. Вале мехоҳад дониши бо заҳмат ба даст омадааш бар ҳадар нараваду як ҳамшираи пешқадам бошад. Орзу дошт, ки дар ягон беморхонаи шаҳри Душанбе ба кор дарояд.

Мо дарди дили Нуриниссоро ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода тариқи мактуби расмӣ расондем. Вазири ғамхору дилсӯз дархости моро ҳамагӣ дар муддати 2 рӯз иҷро карду орзуҳои ин ятимдухтари аз қисмат ҷафокашидаро амалӣ намуд. Акнун бо дастури вазири муҳтарам Нуриниссо яке аз беҳтарин ҳамшираҳои хуби Муассисаи давлатии беморхонаи "Истиқлол" хоҳад буд.

Нуриниссо аз тамоми шахсоне, ки дар зиндагӣ барояш кӯмак карданд, сидқан миннатдор аст. Инчунин, ӯ бароямон муждаи хуше расонид, ки бо ҷавонписари зебою меҳрубоне ин ҳафта оиладор хоҳад шуд. Ин ҳам туҳфаи тақдир аст ва мо ҳайати эҷодӣ барояш бахти сафед мехоҳем.

Аз идора: Роҳбарият ва ҳайати эҷодии сомона ба Вазири муҳтарами тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода барои дастгирии ин ятимдухтар ва аз сидқи дил иҷро намудани дархости мо сидқан изҳори сипос намуда, умедвори ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар оянда аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Феридун 2023-08-13, 18:04
Офарин ба Вазири тандурустӣ
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Феридун 2023-08-13, 18:04
Офарин ба Вазири тандурустӣ
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД