Ман чанд сол боз ба тиҷорати тамоку (сигор) машғулам. Имсол ҳоҷӣ шудам. Мегӯянд, ки дар дини ислом фурӯши тамоку гуноҳба ҳисоб меравад. Донистан мехоҳам, ки пули аз фурӯши тамокӯ ба даст меомада ҳалол аст ё не?
М. Д, сокини ш. Кӯлоб
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Тиҷорати тамоку, фурӯши он ва истифода бурдани он ҷоиз нест, зеро он бо якчанд сабаб, аз ҷумла ба саломатӣ зарар доштан ва бефоида буданаш ҳаром аст. Мусулмон бояд онро тарк кунад, аз он дур шавад, онро кишт накунад ва бо он тиҷорат нанамояд, зеро чизеро, ки Аллоҳ таъоло ҳаром эълон кардааст, албатта пули онро низ ҳаром ба шумор меравад. Шояд бисёриҳо ин ҷо гӯянд, ки кашидани тамоку ҳаром нест, вале дар дини мо ҳар он чӣ ба саломатӣ зарар меорад, ҳаром аст.