Авраам Линколн (1809–1865), 16-умин президенти Амрико, бо қади ғайриоддии худ машҳур буд. Дарозии қади ӯ 193 сантиметрро ташкил медод ва то имрӯз ҳамчун қадбаландтарин президенти ИМА шинохта мешавад.
Линколн аксаран кӯлоҳи баланди сиёҳ мепӯшид, ки қомати ӯро боз ҳам баландтар нишон медод. Ӯ дар дохили ҳамин кӯлоҳ қоғазҳо, мактубҳо ва ҳатто пул нигоҳ медошт. То имрӯз рекорди қади Авраам Линколн дар миёни президентҳои Амрико шикаста нашудааст. Барои муқоиса, қадди миёнаи аксари президентҳои Амрико аз 175 то 185 сантиметрро ташкил медиҳад. Аз ҳамин сабаб, Линколн дар таърих ҳамчун қадбаландтарин роҳбари Кохи Сафед боқӣ мондааст.
Шоҳидони замонаш менавиштанд, ки Линколн дар миёни мардум зуд ба назар мерасид. Қади баланд ва симои фарқкунандаи ӯ ба яке аз хусусиятҳои машҳуртарини ин президенти амрикоӣ табдил ёфта буд.