goodwell
Подоши хиёнат (ҚИСМИ 3)
441

Тӯй ва нафрат

Нурҷаҳон маро бо волидонаш шинос кард, модараш то тӯй ба ман аллакай дугона шуд ва духтарҷон гуфта муроҷиат мекард, ман низ аз бахтам меболидам, вале як тарс доштам, ки Закия домодро дида чӣ мегуфта бошад?

Рӯзи тӯй ҳам фаро расид, апаам субҳи рӯзи арӯсбаророн бо туҳфаҳои зиёде расида омад ва вақт ёфта пурсид, ки домод кист?

- Ростӣ ӯро намешиносам,- ҷавоб додам худамро гум карда ва апаамро дар ҳайрат гузошта.

Закия бо тааҷҷуб боз савол дод:

- Ё тавба, чӣ хел бо одами ношинос хонадор мешавӣ?

- Модараш маро хуш кард,- гуфтам ба суҳбат нуқта гузошта.

Апаам ҳамроҳам ба кошонаи ҳусн рафта, ҳамроҳи машшотаҳо маро орою торо дод, ороишоти замонавии аз Маскав махсус бароям овардаро ба гӯшу гарданам овехту ба хона баргаштем.

Садои карнаю сурнай аз омадани домод хабар медод. Пас аз чанд лаҳзае Закия бо ранги канда вориди хона шуду ба дугонаам нигариста, гуфт:

- Нозия, моро як лаҳза танҳо мон.

Нозия берун баромаду Закия ба рӯям туф карда, гуфт:

- Мур ту бешарафи худозада, илоҳӣ рӯи бахтро набинӣ!

Закия ба тарабхона ба тӯям наомад, чун аз модарам сабаб пурсидам, гуфт, ки бемор шудааст. Апаам маро надида баъд аз се рӯзи тӯйи ман боз ба Қазон рафт…

Дуои мустаҷоб

Ҳамин тавр дар ду соли зиндагиям соҳиби фарзанд шуда бошам ҳам, апаам ягон бор занг зада табрикам нагуфт, ҳатто кор мекунам гуфта баҳона пеш оварда, дигар ба ватан наомад. Зиндагии хушбахтона, ки доштам, парвои хафагии апаамро намекардам. Нурҷаҳон маро болои даст мебардошту ягон бор дар бораи Закия даҳон намекушод. Фарзанди дуюмамро интизор будам, ки шавҳарам ҳамроҳи рафиқонаш ба Варзоб рафту мошинашон ба дарё парида, ғарқ шуданд. Часади варамидаи пур аз хоку хуни шавҳарамро танҳо баъди як моҳ пайдо карда ба хок супоридем. Бо ду фарзанд дар синни бисту шашсолагӣ бева мондам. Хусуру хушдоманам баъди додани соли Нурҷаҳон ба ман гуфтанд, ки ҷавонӣ, кӯдаконро ба мо монда, шавҳари дигар намо, вале ман қасам хӯрдам, ки умрамро ба фарзандонам мебахшам.

Закия имрӯз номзади илми тиб аст, дар шаҳри Қазон бо ҷавони тоҷике хонадор шуда, соҳиби духтарчаи зебое шуд. Дар додани сари соли Нурҷаҳон хонаам омада, бо ман оштӣ кард. Ман низ аз ӯ бахшиш пурсидам. Апаам ба ман сирреро кушод, ки аз шуниданаш то ҳол ба худ наомадаам. Нурҷаҳони ман ҳамроҳи апаам як сол мисли зану шавҳар зиндагӣ мекардааст, аммо инро аз ман пинҳон карда будааст…

Ба Закия гуфтам, агар дар ҳамон рӯзи тӯй ҳамин гапро ба ман мегуфт, ман аз баҳри Нурҷаҳон мегузаштам. Ӯ хандаи талхе карду чизе нагуфт. Имрӯз ман ба тарбияи писаронам машғулам. Худам кор мекунам, ба тиҷорат машғулам, аз чизе танқисӣ надорам, вале аз бахти ширини оилавӣ ва лаззати зан будан бенасибам.

Ҳар гоҳ, ки зиндагӣ бароям душворӣ пеш орад, пинҳонӣ дар болишт ашк мерезам ва ба худ мегӯям, ки ман сазовори чунин тақдирам, зеро ба шахси наздиктарин, апаи ҳамхунам хиёнат кардам…

РАМЗИЯ

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД