Занги ҷонфизо
Он рӯз Нурҷахон телефони маро оварду мо хайрухуш кардем. Баъди вохӯрӣ бо ин ҷавони зебо ман дар банди ҷигарам дарди сӯзонеро эҳсос кардам. Шабҳо дар хобам бо Нурҷаҳон сайри лолазор мекардему аз бӯсаҳои ширини ӯ лабҳои ташнаи бӯсаам шодоб мегаштанд…
Ман ошиқ шуда будам, апаамро бад медидам, ки ӯ ҷавони дӯстдоштаи маро соҳиб аст…
Пас аз як ҳафтаи азобу ранҷ кашиданҳо дар телефонам паёмаки ошиқонае хондам:
- Ман туро фаромӯш карда наметавонам, мехоҳам ба оғӯшат бигираму ғунчаи лабони серобатро бибӯсаму…
Ман фаҳмидам, ки ин паёмак аз Нурҷаҳон аст, зеро он рӯз ӯ низ ба ман нигоҳҳои аҷибе дошт, вале худро ба нодонӣ зада, паёмак фиристодам:
- Мебахшед, шумо хато кардед…
Пас аз чанд дақиқа ҳамон рақамҳои ношинос дар равзанаи мобилам пайдо гаштанд ва ман гӯширо бардоштам. Аз он тараф Нурҷаҳон бе салому калом ба изҳори муҳаббат пардохт:
- Рамзияҷон, илтимос, маро дуруст фаҳм, ман туро дӯст доштам, байни ману апаат ягон кори ҷиддӣ нашудааст. Ман ӯро чун як духтари хушахлоқ эҳтиром мекунам, вале туро дидан замон фаҳмидам, ки тақдири ман ту ҳастӣ...
Ман шодиямро базӯр пинҳон дошта, намедонам гӯён, телефонро хомӯш кардам, вале дар дил на парвои апаам доштаму на парвои ишқи ӯ, Нурҷаҳонро мехостаму халос…
Ишқ омаду...
Пас аз як ҳафтаи занг задану илтиҷо карданҳои Нурҷаҳон ман ҳамроҳи ӯ ба тарабхона рафтам. Ӯ бо мошини қиматбаҳои хориҷӣ бо дастаи гул ба наздам омаду мо ҳарду ба тарабхонаи бонуфузе рафта ду соат хурсандӣ кардем. Аз рӯи нақли Нурҷаҳон фаҳмидам, ки ӯ писари ягонаи волидонаш буда, падараш духтури дандон буда, клиникаи шахсӣ доштаасту модараш бошад, хизматчии давлатӣ шуда кор мекардааст.
- Ман бо Закия ягон бор дар бораи ишқу муҳаббат ҳарф назадаам ва худамро назди ӯ гунаҳгор намеҳисобам, агар хоҳӣ, худи пагоҳ ба вай мегӯям, ки ману ту хонадор мешавем,- гуфт ҳангоми хайрухуш Нурҷаҳон, вале ман гуфтам, ки беҳтараш апаам чизеро надонад.
Акнун рӯз дар миён бо Нурҷаҳон вомехӯрдем, аксари вохӯриҳоямон дар хонаи зебою пурҷиҳозе, ки падараш барои ӯ дар маркази шаҳр харида буд, баргузор мегашт... Вале аз муносибатҳои ҷиддӣ худдорӣ мекардем. Ман Нурҷаҳонро девонавор дӯст медоштаму агар дертар занг занад, девона мешудам…
Душмани худӣ
Ману апаам дар як хона мехобидем ва медидам, ки ӯ чӣ гуна шабҳо болишташро аз оби дида тар мекунад, вале ман худамро ба хоб зада, азиятҳои ӯро нодида мегирифтам. Дили ошиқам ба ҳоли ӯ намесӯхт, аз нақлҳои Нурҷаҳон мефаҳмидам, ки ӯ алоқаашро аз Закия тамоман кандааст. Гоҳе худ ба худ меандешидам, ки агар апаам мефаҳмид, ки ҷудогари онҳо дар паҳлуяш хобидааст, шояд маро бӯғӣ карда мекушт. Ӯ ба ман дар ин бора даҳон намекушод, гӯё чизе нашуда бошад, бо таъби болида ҳамроҳам суҳбат мекарду ҳамин ки маро «хоб» бурд, ба гиря сар мекард ва пичир-пичир ба худаш чизе мегуфт.
Апаам ҳамон соли хонишро базӯр ба поён расонду бо ёрии падарам ба Донишгоҳи тиббии шаҳри Қазони Федератсияи Русия гузашта, ба қавле «сарашро гирифта» рафт. Ман нафаси озод кашидаму пеши Нурҷаҳон шарт гузоштам, ки хостгоронашро фиристад, ӯ низ не нагуфт. Мо ҳарду дар соли охири донишгоҳ мехондему ошиқам чун табиб дар клиникаи падараш кор мекард. Волидонам хостгорони Нурҷаҳонро хуб пазируфтанд, вале барои хафа нашуданаш ба Закия телефон карда гуфтанд, ки розӣ шав, то хоҳаратро пеш аз ту ба шавҳар диҳем. Закия ҳатто напурсид, ки домод кист ва бо хурсандӣ розигияшро дод. Модарам, ки аз моҷарои ба сари духтаронаш омада хабаре надошт, гуфт:
- Закия мегӯяд, ки то дар соҳаи тиб прафессор нашавам, шавҳар намекунам…
(Давом дорад)
РАМЗИЯ
Таснифи Рухсора САИД