Formula novemver 2024
ПИСАРАКИ 11-СОЛА ХУДРО БА БАҲР АНДОХТУ...
2591


Як бачаи ноболиғи 11 соларо дар қаламрави шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҳангоми ғарқ шудан наҷот додаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса тахминан сатҳои 12.10 рӯй дода, як писараки 11-сола бо мақсади оббозӣ худро ба баҳри тоҷик афкандааст. Хушбахтона, наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Суғд дар наздикии ҳамон мавзеъ навбатдорӣ мекарданд ва сари вақт ба имдод расиданд, вагарна писарак дар баҳр ғарқ мешуд.

Аз 1-уми июни соли равон дар қаламрави кишварамон мавсими оббозӣ оғоз шудааст ва ҳамрӯза ҳазорон нафар дар саросари Тоҷикистон соатҳои истироҳати худро дар соҳили обҳо мегузаронанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ аз сокинон хоҳиш мекунад, ки дар ҷойҳои барои оббозӣ мамнӯъ шиноварӣ карда, ҳаёти худро дар хатар нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД