Падарам баъди ба нафақа баромадан дар хона бекор нашинам гуфта, маро маҷбур карданд, ки он касро дар корхонаам ба кор гирам. “Ҳар коре бошад мекунам, вале дар хона намешинам мегӯянд”.
Ҳоло падарам ронандаи автобусе ҳастанд, ки кормандонро ба хонаашон бурда меорад. Аз корашон розӣ ҳастанд, вале қалби ман ором нест. Оё падар зердасти писар шуда кор кунад, ҷоиз аст?
Шавкат, н. Айнӣ
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Қалбатон ором бошад, зеро падаратон бо ризоияти худашон ба кор пардохтаву аз корашон розӣ ҳастанд. Бинобар ин, зердасти писар будани падар гуноҳ нест. Шумо гунаҳгор намешавед, агар падарро танҳо дар доираи масъулиятҳое, ки корхона бар дӯшаш гузоштааст, кор фармоед. Падарам аст, гуфта аз дигар коргарон камтар кор фармуда, музди меҳнаташро барзиёд диҳед, ё баръакс зиёдаравӣ карда корҳои вазнинро ба гарданаш бор кунед, аз нигоҳи шаръӣ нодуруст мешавад.