Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз барои баёни муҳаббат ва эҳсосоти самимӣ рӯзи муносиб аст. Хабар ё воқеае метавонад шуморо водор созад, ки дар бораи муносибатҳои шахсӣ ҷиддӣ андеша кунед. Аз мушкилоти хурд хавотир нашавед, онҳо зиндагиро рангоранг мегардонанд. Аз нафаре, ки худро дӯст нишон медиҳад, вале пушти сар сухан мегӯяд, эҳтиёт бошед. Пас аз хароҷот даромад низ мерасад. Машқи вазнини варзиширо камтар намоед.
Савр (20 апрел-20 май)
Агар нав бо шахси ҷолибе шинос шуда бошед, барои идомаи муносибат аз ӯ талаботи зиёд накунед. Фишори зиёд метавонад ӯро тарсонад. Шом шуморо хабари хуш ё занги шахси азиз шод мегардонад. Дар кор ҳама чиз хуб пеш меравад ва шумо вазифаҳоро сари вақт анҷом медиҳед. Пешниҳоди даромади осонро бодиққат бисанҷед. Фишори хунро назорат кунед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз имкони вохӯриҳои ошиқона зиёд аст. Шояд робитаи кӯҳнаро аз нав барқарор кардан хоҳед. Каме дилгирӣ ва дар оила нофаҳмӣ пайдо шуда метавонад. Бо вуҷуди ин, шавқи шумо ба дониш ва рушд ба дигарон таъсири хуб мерасонад. Барои хариди калон рӯз мусоид аст, вале агар маблағ намерасад, қарз нагиред. Аз кори вазнин худдорӣ намоед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Дар ҷодаи муҳаббат шуморо лаҳзаҳои зебо интизоранд. Агар танҳо бошед, шиносоии ҷиддӣ имкон дорад. Имрӯз бояд орому боандеша бошед, зеро сухани тунду шитобкорона метавонад дилеро ранҷонад. Рӯз барои омӯзиш ва иҷрои корҳои муҳим хеле мувофиқ аст. Агар мукофот ё даромади иловагӣ гиред, онро барои хариди зарурӣ сарф намоед. Ҳолати рӯҳиятон беҳтар мешавад.
Асад (23 июл-22 август)
Давраи орому созанда оғоз меёбад. Муносибат бо шахси дӯстдоштаатон гармтар ва боэътимод мегардад. Агар ҳанӯз ҷуфт надошта бошед, худатон қадами аввал гузоред. Ба макони нав рафтан ба шумо илҳом мебахшад. Танқидҳои имрӯзаро ба дил нагиред. Эҳтимоли хароҷоти ғайричашмдошт ҳаст. Барои нигоҳ доштани саломатӣ истироҳат ва рафъи стрессро фаромӯш накунед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз кӯшиш кунед каме содадил бошед ва эҳсосотро зери назорат нигоҳ доред. Ба фикри ҳамсар ё шахси наздик гӯш диҳед, то нофаҳмӣ пеш наояд. Муносибати хуб бо роҳбарият метавонад ба пешрафти корӣ мусоидат кунад. Рӯз барои дарёфти даромад мувофиқ аст. Аз ғизои вазнин ва равғанин парҳез намоед, то худро беҳтар ҳис кунед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Шояд собиқ дӯстдоштаатон ба таври ғайриодӣ аз худ дарак диҳад. Ба зудӣ имкони сафар ё истироҳати муштарак бо наздикон пайдо мешавад. Барои исботи ҳаққонияти худ баҳси беҳуда накунед, вақт ҳама чизро равшан мекунад. Имрӯз қарз гирифтан тавсия намешавад. Бо нафароне, ки ранҷиш доред, оштӣ кунед, то оромии дилатон барқарор гардад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Дар муносибатҳои ошиқона каме сардӣ эҳсос мешавад, вале ин ҳолат муваққатист. Шомро оромона, бо тамошои филми дӯстдошта ё суҳбати гарму самимӣ гузаронед. Бо вуҷуди серкорӣ рӯз барои шумо бобарор хоҳад буд. Барои харид ва бастани созишнома вақти хуб аст, аммо аз корҳои хатарнок дурӣ ҷӯед. Тадбирҳои нигоҳубини саломатӣ натиҷаи хуб медиҳанд.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Дар ҷодаи муҳаббат сюрпризҳои гуворо ва вохӯриҳои умедбахш имкон доранд. Корҳои хурди ҷамъшударо анҷом диҳед, то дилатон ором шавад. Аз танқиди шадид худдорӣ намоед, зеро он метавонад баҳс барангезад. Имкони бастани шартномаи судманд ё гирифтани пешниҳоди кори нав вуҷуд дорад. Ба ҳар маслиҳат гӯш надиҳед, ба ҳисси худ бовар кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Шахси наздик метавонад каме асабӣ ё серталаб шавад, аммо шумо оромиро нигоҳ доред. Дар оила эҳтимоли нофаҳмӣ аз рашк вуҷуд дорад. Машғул шудан ба корҳои хона ба шумо барои рафъи асабоният кумак мекунад. Дар масъалаи пул мушкили ҷиддӣ пешбинӣ намешавад, танҳо маблағро боақлона истифода баред. Барои саломатӣ бештар меваю сабзавоти тару тоза истеъмол кунед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз аз рашк ва шубҳаи беасос худдорӣ кунед, то муносибатҳои оилавӣ осеб набинанд. Барои нигоҳ доштани оромӣ каме сабр ва фаҳмиш лозим мешавад. Дар қабули қарорҳои муҳим ҷасур бошед. Бо роҳбарият масъалаҳои кориро муҳокима кардан мумкин аст, вале сирри шахсиро ба ҳар кас нагӯед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Шиносоии ошиқона метавонад оғоз ёбад, аммо аз он умеди аз ҳад зиёд надошта бошед, то ноумед нашавед. Имрӯз қарорҳои муҳими ҳаётиро ба таъхир гузоред ва аз муноқиша дурӣ ҷӯед. Нерӯи шумо зиёд аст ва метавонед ба корҳои нав оғоз намоед. Аз хариди беандеша худдорӣ кунед. Машқи варзишӣ фоидаовар буда, ба солимии чашмон низ диққат диҳед.