Commerc banl
Модар ӯгай намешавад (ҚИСМИ 2)
229

Хушдомани Аниса, ки аз бо ин мақсад ҷамъ омадани онҳо огоҳ набуд, ҳайрон шуда, ба суханҳои ҳозирин бодиққат гӯш медод. Вале, аз якбора тӯтивор сухан кардани келинаш аввал ба ҳайрат омад, баъдан дарғазаб шуд ва сипас ғазабашро фурӯ бурда, як-як ба ҳозирин нигоҳ кард. Ҳама аз суханони Азиза хомӯш шуда монда буданд.

Хушдоман ба келинаш нигоҳ карда гуфт:

Ӯгай, ӯгай аст… мегӯянд. Гӯё ин калима мисли доғе бошад, ки ҳеҷ гоҳ пок намешавад. Аммо касе намепурсад, ки аз дили модари ӯгай чӣ мегузарад. Касе намепурсад, ки ӯ чӣ қадар талош мекунад, то ба дилҳои кӯдакон роҳ ёбад. Чӣ қадар шабҳоро бо фикри онҳо бедор мегузаронад. Чӣ қадар мехоҳад, ки онҳо худро танҳо эҳсос накунанд...

Чӣ магар барои сила кардани сари ятимон дуввумбор оила барпо карда бало монд. Чӣ модари ӯгай магар модари онҳоро кушт?  На... Ба ин савол танҳо посух на...

Бо як эҳсосоти хос ба гап даромад хушдоман. Чеҳраи бе ин ҳам сурхи Азиза аз ҳарфҳои хушдоман сурхтар мешуданд.

Хушдоман чун одати ҳарвақта нафаси тоза гирифта аз нав ба гап даромад.

- Модар ӯгай намешавад. Модар ҳамеша модар аст. Дили модар пур аз меҳр, муҳаббат, ишқ, садоқат ва самимият аст. Ӯ бо муҳаббат ба фарзанд нигоҳ мекунад, новобаста аз он ки онҳо аз хуни ӯ ҳастанд ё не. Барои модар фарқе надорад, ки фарзанди худаш таваллуд кардааст ё...

- Келин ҳамон имтиҳоне, ки ба сари ман омада буд имрӯз ба сари ту омадааст. Беҳуда мардум намегӯянд, ки "хоки келину хушдоманро аз як ҷо мегиранд" гуфта. Тақдирро бин, ки имрӯз ту ҳам аз модар ҷудо шудию аммаҳоят мехоҳанд ба додарашон зан диҳанд.

Ман ҳам хурд будам, ки модарам аз олам чашм пушид.  Ҳамон гунае, ки волидонат Лайливу Маҷнун буданд. Падару модари ман ҳам ошиқу шайдои якдигар буданд. Аммо аҷал ба ҳеҷ кас раҳм намекунад.

Ҳама вақту соаташ, ки расад яке паси дигаре меравад. Аммо зиндагӣ барои зинда идома дорад. Ӯ аз ин ҳаёт, аз ин лаҳзаҳое, ки Худованд барояш арзонӣ доштааст бояд баҳра барад...

Келинҷон қисса кӯтоҳ аммаҳоям ба нею нестони мо кӯдакони хурдсол нигоҳ накарда ба падарам келин карданд. 

Дар хона мо ду нафар будем. Чашмонамон пур аз савол ва шубҳа буд. Фикр мекардем, ки ӯ падарамонро, ки ба мо ин қадар меҳрубон аст аз роҳ мезанад.

Ба вай моро ганда карда моро дар назараш шум мегардонад. Аз ин рӯ, аз рӯзи аввал ӯро “модар” нагуфтем.  Дар ҳузураш янгаву дар набудаш ӯгай мегуфтем.

Модарандарам кӯшиш мекард меҳрубон бошад. Субҳ барвақт мехест, барои мо ношто мекард, либосҳоямонро мешуст, ба мактаб гусел мекард. Агар якеамон бемор шавем, шаб то саҳар болои сарамон менишаст.

Вале ҳар бор мо ба вай янга гуфта муроҷиат мекардем.  Ин сухан мисли ханҷар ба дили зан мерасид.  Лекин чизе намегуфт. Аз оне, ки ӯро ҳамчун модар қабул накардем намеранҷид баръакс танҳо табассум мекарду халос.

Рӯзҳо мегузаштанд, аммо меҳру заҳматашро қадр намекардем. Ману хоҳарам ҳар кори хубро ба падарамон мо кардем мегуфтем.  Агар чизе писандамон намешуд, зуд ин кори ӯгай аст мегуфтем. 

Модарандарам бо вуҷуди оне, ки мо ӯро азоб медодем ба суханонаш гӯш намедодем аммо, аз мо намеранҷид. Ва ҳатто ҳамон тавре, ту ту гуфтӣ "ба шавҳараш ҳазори айбу ибор мемонаду гуноҳи кардаву нокардаашро ба гарданаш бор мекунад..." чунин намекард.

 Баръакс моро назди падарам ҳамчун бачаҳои хубу гапдаро муаррифӣ мекард. Аммо ҳамаи ин некиҳои модари ӯгайро чашмонам намедид. Чашмонам ба қавле кӯр буданд. Ман кӯшиш мекардам аз ҳар кораш камбудӣ ёбам. Ҳатто ба хурокҳояш намак бештар мепошидам то шарманда шавад.

 Як кӯдаки хурдсолро бинед, ки чихел бо нафрат ба модари меҳрубон, ки ӯгай унвон кардаанд зулм мекард, -  ба ҳозирин нигоҳ кард хушдомани Азиза. Ӯ пиёлаи чойи кайҳо хунукшудаашро ҳӯртӣ нӯшида ба суханаш идома дод.

Рӯзе ба қаҳр аз навозишҳояш ба ҷойи он ки ташаккур кунам ба нафрат гуфтам. Ту модари мо нестӣ. Ту танҳо ӯгайӣ. Бечора модарандарам хомӯш монд. Чашмонаш пур аз ашк шуд, вале кӯшид онро пинҳон кунад.

Ӯ маро боз сахттар ба оғӯш кашида, гуфт:

- Медонам дилат ба модарт гум мезанад.  Ҳеҷ кас ҷои модарро пур карда наметавонад, духтарам. Ман ҳам намехоҳам ҷои ӯро гирам… фақат мехоҳам, ки ту худро танҳо ҳис накунӣ.

Ман хомӯш шудам. Калимаҳоям, ки чанд лаҳза пеш бо қаҳру ғазаб гуфта будам, акнун мисли ханҷар ба худам зад. Забонам лол монд. Хостам ман ҳам ӯро ба оғӯш кашида, аз рухсораҳояш бӯсам, вале ҳайҳот...

(Давом дорад)

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД