Commerc banl
Бахти гунги Марҷона (ҚИСМИ 12)
09.03.2026
А. ҲОҶӢ
551

Суҳбати душвори зану шавҳар

Пас аз маслиҳатҳои зиёди дилсӯзана, Давлат низ оҳиста-оҳиста ба ин пешниҳоди онҳо розӣ шудани худро аз занаш пинҳон карда наметавонистагӣ шуд. Ӯ боре ба Умедае, ки қалам дар даст дар болои варақи сафед хатҳои ҳархела мекашид, нигариста, ба Марҷона наздик шуд ва бо оҳанги басо нарм гуфт:

- Занакҷон, биё аз баҳри ҳамин духтарчаи носолим гузарем ва ӯро ба сағирхона диҳем. Ману ту ҳоло ҷавонем ва метавонем агар аз худамон фарзанд нашавад, аз ятимхона ягон бача ё духтари солимро мегирему калон мекунем... Чӣ гуфтӣ?

Ин лаҳза симои Марҷона паланги омодаи ҳуҷумро мемонд ва Давлат боре ҳам ӯро дар чунин ҳолат надида буд. Вай беихтиёр қадаме ба қафо гузошту Марҷона ҳанӯз сухане ба забон наоварда, мисли саломи ҳиндуҳо кафҳои ду дасташро ба ҳам ҷавс кардаистода, ба илтиҷо даромад:

- Маро бубахш, Марҷонаҷон, ин гапҳои ман не, ин суханони онҳоест, ки маро насиҳат кардан мехоҳанд...

- Не, ин суханҳои худи ту ҳастанд, вагарна ман онро аз забони ту намешунидам... Магар ман бо ҳамин ният туро интихоб карда будам? Ба хотири муҳаббате, ки нисбати ту доштам, барои безурёт буданат аз ту ҷудо нашудаму худро бо ту ҳамтақдир кардам. Магар ман аз гуфти падару модарам берун шуда, туро барои он ба ҳамасарӣ қабул кардам, ки имрӯз моро танҳо гузорӣ?

- Кай ман туро танҳо гузоштам? - бо алам пурсид Давлат

- Ана ҳозир, агар ту ба гуфтаи худ истодагарӣ кунию Умедаро ба сағирхона супоридан хоҳӣ, бидон, ки маро ҳам якҷо бо духтарам ба онҷо мефиристӣ. Фаҳмидӣ? Ману духтарам ку барои худ ҷой меёбем, аммо мо дигар он Давлати дилсафеду он марди ҳақиқӣ ва падари меҳрубону шавҳари вафодорро пайдо карда наметавонем, ки ин ҳам тақдири Худо аст...

Давлат чӣ гуфтану чӣ кор карданашро намедонист. Ӯ чанд сол бо Марҷона якҷоя зиндагӣ карда, гумон дошт, ки хислату рафтори ӯро мисли панҷ панҷааш хуб медонад, аммо маълум мешавад, ки гуфти рӯҳшиносон дар ин маврид дуруст аст ва китоби занро то охири умри хеш ягон мард пурра хонда наметавонад...

...Марҷона мисли он, ки касе мехоҳад тифли ӯро аз дасташ кашида гирад, Умедаро боз ҳам бештар ба худ ҷавс кардаистода, ба алам суханашро идома медод:

- Акнун чун навбати ту омадааст, бояд аз ду якеро интихоб намоӣ: ё ману Умеда ва ё ҷудоӣ аз ҳардуи мо. Зеро ман агар ҳазор бор туро дӯст дошта бошам ҳам, ҳаргиз аз духтарам ҷудо нахоҳам шуди Ин ҳадяи Худоро ман ҳаргиз рад намекунам ва то охирин лаҳзаи умрам бо ӯ хоҳам буд. Агар ту бо мо будан нахоҳӣ, ихтиёрат. Вале дониста гир, ки ман ҳаргиз аз баҳри духтарам намегузарам, фаҳмидӣ Давлат?

Давлат, ки ҳаргиз интизори чунин ҳуҷум набуд, ба курсии наздиктарин нишасту ба беруни тиреза нигоҳ кард, ки Барфак аз паси мурғҳои ҳамсоя давида истода, қию чувкунон онҳоро аз ҳавлӣ берун мекунад. Ӯ аз ҷояш бо қатъият бархоста, ба тарафи Марҷона ва Умеда равон шуд...

А. ҲОҶӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД