Ҳамал (21 март-19 апрел)
Эҳтимол имрӯз дар ҳаёти шумо шавқи кӯтоҳи ошиқона пайдо шавад. Ин муносибат метавонад гуворо бошад, аммо дер давом намекунад. Онҳое, ки ба наздикӣ издивоҷ кардаанд, шояд давраи каме душворро паси сар кунанд, зеро ба ҳамдигар одат кардан вақт мехоҳанд. Дар касбу кор баъзе монеаҳо пеш меоянд ва эҳтимол ба курсҳои такмили ихтисос фиристода шавед. Нимаи дуюми рӯз хабар, туҳфа ё маблағи ғайричашмдошт мегиред. Барои санҷиши саломатӣ низ рӯзи муносиб аст.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз эҳтимол шахсеро вохӯред, ки тақдир барои шумо пешбинӣ кардааст. Наздикшавии шумо табиӣ ва бе кӯшиши зиёд ба вуҷуд меояд. Монеае, ки ҳоло пеши роҳатон менамояд, шояд ба нафъи шумо бошад. Вақтҳои охир бисёр меҳнат кардед ва ҳатто вақти шахсиро қурбон намудед, аммо ба зудӣ натиҷаи заҳмататонро мебинед. Давраи мусоиди молиявӣ оғоз меёбад. Имрӯз беҳтараш каме истироҳат карда, нерӯи аздастрафтаро барқарор намоед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона эҳтиёт бошед. Агар сабаби рашк пайдо шавад, эҳтимоли баҳс зиёд аст, зеро норозигиҳои кӯҳна ҷамъ шудаанд. Барои қабули меҳмонон пешакӣ омодагӣ дида, хонаатонро ба тартиб оред. Дар кор кӯшиш кунед худро аз беҳтарин ҷониб нишон диҳед, то натиҷаи заҳмататонро зудтар бинед. Эҳтимол маблағи ғайричашмдошт ё мукофот гиред. Қувваи ҷисмонӣ зиёд мешавад, бинобар ин варзиш ё корҳои фаъол ба шумо фоида меорад.
Саратон (21 июн-22 июл)
Имрӯз шиносоии ҷолиби ошиқона эҳтимол дорад, агар бештар бо одамон муошират кунед ва дар хона нанишинед. Дар муҳаббат рӯйдодҳои шавқовар пеш меоянд. Кӯшиш кунед вақти бештарро бо шахси дӯстдошта гузаронед, ин муносибатро мустаҳкам мекунад. Агар ҳоло душвориҳо пеш оянд, ором бошед: ба зудӣ вазъият беҳтар мешавад. Масъалаҳои молиявиро зери назорат гиред ва буҷетро дуруст ба нақша гиред. Табобатҳои вобаста ба об, шиноварӣ ё истироҳат дар соҳил ба саломатӣ фоида меорад.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз дар ҳаёти шахсӣ тағйирот ба амал меояд ва шояд лозим шавад баъзе нақшаҳоро аз нав баррасӣ кунед. Пешрафт дар кор каме ба таъхир меафтад, аммо масъалаҳои касбӣ диққати асосии шуморо мегиранд. Бо вуҷуди ин, муносибат бо шахси дӯстдоштаатонро фаромӯш накунед. Ҳуҷҷатҳои кориро ба тартиб дароред, то иштибоҳ пеш наояд. Дар масъалаҳои молиявӣ ба ҳисси ботинии худ гӯш диҳед. Аз машғулиятҳои хатарнок худдорӣ намоед, зеро эҳтимоли осеб дидан вуҷуд дорад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз дар ҳаёти шахсӣ баъзе нофаҳмиҳо пайдо шуда метавонанд. Сабаби он рашк ё муносибати сард аз ҷониби шарик ё ҳамсоягон мешавад. Оиладорон метавонанд ба таъмири деринтизор оғоз кунанд. Рӯз барои бартараф кардани чизҳое, ки ба шумо дигар лозим нестанд, мусоид аст. Мулоқотҳои корӣ, муроҷиат ба идораҳои давлатӣ ва имзои ҳуҷҷатҳо низ бобарор мегузарад. Қарорҳои муҳимро чанд рӯз ба таъхир гузоред. Барои пешгирии дарди буғумҳо каме машқи ҷисмонӣ кунед.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз кӯшиш кунед бештар ба рушди шахсӣ ва омӯзиши чизҳои нав вақт ҷудо намоед. Кори эҷодии шумо метавонад қаноатмандӣ ва эътироф оварад. Агар ба худ бовар кунед ва бо ҷиддият меҳнат намоед, ба натиҷаҳои баланд мерасед. Манбаи нави даромад низ пайдо шуданаш мумкин аст. Аз хастагии зиёд ва асабоният худдорӣ кунед, то дарди сар ба вуҷуд наояд.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз беҳтараш оромона ва бе ҷалби таваҷҷуҳи дигарон кор кунед. Аз маҳфилҳо ва ҷойҳои пурғавғо худдорӣ карда, вақти худро бо оила гузаронед. Барои натиҷаи хуб якбора ба чанд кор даст назанед, аввал муҳимтарин вазифаро интихоб кунед. Агар афзалиятҳоро дуруст муайян намоед, муваффақият ба даст меояд. Дар масъалаҳои молиявӣ сюрпризи гуворо имконпазир аст. Қувваи худро эҳтиёт кунед ва ба қавӣ кардани масуният диққат диҳед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз беҳтараш масъалаҳои муҳимеро, ки ба шумо ва шарикатон дахл доранд, бо оромӣ муҳокима кунед. Тағйироти ногаҳониро бе машварат қабул накунед. Ба наздикон бештар таваҷҷуҳ диҳед ва вақти худро бо оила гузаронед. Шумо метавонед мушкилоти кӯҳнаро ҳал карда, муносибатҳои хубро аз нав барқарор намоед. Сифатҳои хуби кории шумо аз ҷониби роҳбарият қадр карда мешаванд ва эҳтимоли болоравии мансаб вуҷуд дорад. Аммо барои гирифтани қарз ҳоло вақти муносиб нест.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз вақти он расидааст, ки дар муносибат бо шахси дӯстдошта бисёр чизҳоро равшан кунед. Андеша кунед, ки то чӣ андоза ба ҳамдигар монанд ҳастед ва ба ҳамдигар бовар доред. Рӯз метавонад ба банақшагирии сафар ё чорабинии шавқовар бахшида шавад. Машғулиятҳои эҷодӣ низ барор меоранд. Барои рушди тиҷорат имкониятҳои ҷолиб пайдо мешаванд. Аз баҳсҳо канорагирӣ кунед, зеро эҳтимоли фишори равонӣ зиёд аст. Ба саломатӣ низ диққат диҳед, то бемории кӯҳна фаъол нашавад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Агар дар муносибатҳо каме сардӣ пайдо шуда бошад, шитоб накунед аз ҳам дур шавед. Бо каме навоварӣ ва таваҷҷуҳ метавонед эҳсосотро дубора зинда кунед. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли баҳс вуҷуд дорад, аммо агар рафтори худро тағйир диҳед, масъала ором ҳал мешавад. Агар хато карда бошед, узр пурсидан беҳтар аст. Фикрҳои зиёд дар бораи пул метавонанд шуморо нигарон созанд, аммо кӯшиш кунед ором бошед. Реҷаи хобро дуруст ба роҳ монед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз ҳаёти ошиқона пур аз рӯйдодҳо мешавад. Баъзе нофаҳмиҳо бо шарик эҳтимол дорад, аммо беҳтараш мағруриро канор гузошта, бо ҳам ошкоро суҳбат кунед. Ин роҳ ба ҳалли мушкилот кумак мекунад. Рӯзро бо наздикон ё дар ҷои фароғатӣ гузаронед. Қувва ва имкониятҳои худро ба корҳои воқеан муҳим равона намоед. Бо ҳамкорон муносибати хуб нигоҳ доред. Пешакӣ рӯйхати харидҳоро тартиб диҳед. Агар ният доред аз муоинаи тиббӣ гузаред, онро ба таъхир нагузоред.