Ҳамал (21 март-19 апрел)
Аввали рӯз худро хеле хуб ҳис мекунед. Ин рӯзро барои мустаҳкамсозии саломатӣ истифода баред. Масъалаҳои зиёди кориро бо осонӣ ҳал мекунед. Айни замон дар корҳоятон тартиботро ҷорӣ намуда, хонаву дарро рӯбучин кунед. Нимаи дуюми рӯз чандон бобарор нест. Хусусан барои ҳамалҳои оиладор душвориҳои зиёде пеш меоянд. Бо шахси дӯстдоштаатон мушкилиҳоеро, ки боиси нофаҳмӣ мегарданд, ҳаллу фасл накунед, вагарна муносибатҳоятон вайрон мегардад.
Савр (20 апрел-20 май)
Нимаи аввали рӯз муносибатҳои ошиқонаатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ошиқони қаҳришуда бо ҳам оштӣ мешаванду аз муноқиша дарси ибрат мегиранд. Агар шумо муҷаррад бошед, имкони дар сафари роҳи дур ё сомонаи интернетӣ бо шахси аҷибе шинос шуданро доред. Дар ин рӯз барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва баланд сохтани савияи дониш, барои шуғлҳои худ вақт ҷудо кардан мусоид аст. Эҳтимоли худро бад ҳис кардану хастагии аз ҳад зиёд вуҷуд дорад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Нимаи аввали рӯз ба корҳои хона диққати бештар ҷудо кунед. Агар шумо бо волидон ё бо модаркалону бобоятон зиндагӣ мекарда бошед, онҳо ба кумаки шумо ниёз пайдо мекунанд. Барои наздикони худ шароитҳои мусоид муҳайё намоед. Нимаи дуюми рӯз саврҳои оиладорро фарзандонашон ташвиш медиҳанд.
Саратон (21 июн-22 июл)
Рӯзи бобарор аст. Корҳоятон бобарору табъатон болида, зеҳнатон тез ва пухтакор мешавед. Барои ба анҷом расонидани сафарҳои кӯтоҳмуддат ва дилхушкунандаи берун аз шаҳр, вохӯрӣ бо дӯстон, муошират бо телефон рӯзҳои мусоиданд. Дар муносибатҳоятон бо шиносон, ҳамсоя ва шахси дӯстдоштаатон ҳамдигарфаҳмӣ дида мешавад. Саратонҳои муҷаррадро шиносоиҳои муваққатӣ имкон дорад.
Асад (23 июл-22 август)
Нимаи аввали рӯз бо корҳои худ машғул шуда, дилхуширо фаромӯш кунед. Дар ҷодаи касбӣ ва масъалаҳои молиявӣ муваффақ мегардед. Масунияти бадан баланд гашта, бо осонӣ гриппу шамолкаширо паси сар менамоед. Агар шумо дар фикри харидани ҳайвоноти хонагӣ бошед, рӯзи душанбе барои ин кор хеле мусоид аст. Хонаву дари худро ба тартиб оварда, табъатон болида мегардад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Агар бо дӯстдоштаатон қаҳрӣ бошед ё дар муносибатҳоятон нофаҳмӣ рух дода бошад, аз ҳамин рӯз сар карда, ба ҳамдигарфаҳмӣ омаданатон осон мегардад. Қабл аз ҳама рафтори худро зери танқид гирифта, ғалатҳои содиркардаатонро ислоҳ кунеду кӯшиш намоед дар оянда такрор нашаванд. Танҳо баъди ҳамин муносибатҳои ошиқонаатон тобиши тоза мегиранд. Ҳамзамон рӯз барои тарбияи фарзандон созгор аст.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Хуб мебуд, ки нимаи аввали рӯзро дар танҳоӣ, дар хонаи худ гузаронед. Шумо бояд фикрҳои худро ба тартиб оварда, корҳоятонро ба анҷом расонед. Ба ягон амали фаъолона даст назанед. Ба нафаре, ки аз шумо кумак мепурсад, рад накунед. Ҳатто ба нафари ношинос низ мадад расонед. Бо чунин амал мушкили равонии худро рафъ месозед. Нимаи дуюми рӯз бо наздиконатон муноқиша имкон дорад.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Нимаи аввали рӯз дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ фаъол бошед. Бо дӯстону нафарони даркорӣ муносибатҳои хубро нигоҳ доред. Дар ин рӯзҳо аз ҳаёту зиндагии шиносу хешовандон, дӯстону ҳамсояҳо бохабар шуда метавонед. Ҳамаи ин бо шарофати робитаи зич бо атрофиён аст. Инчунин рӯзи хубест барои омӯзиш. Он мавзуҳоеро, ки қаблан бо душворӣ аз худ мекардед, ин рӯз бо осонӣ меомӯзед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Нимаи аввали рӯз тамоми фикру зикри худро барои рафъ намудани мушкилоти молиявӣ равона созед. Айни замон вазъият дар ҷои коратон хеле бобарор аст, ба шумо мукофотпулӣ медиҳанд ё ба таври дигар қадрдонӣ менамоянд. Муносибатҳоятон бо волидон мустаҳкам мегарданд. Дар ин рӯзҳо корҳои муҳимтарини худро ба таъхир гузоред. Нимаи дуюми рӯз барои вохӯриҳои дӯстона созгор нест.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Нимаи аввали рӯз барои нафароне, ки бо илмомӯзӣ машғуланд, хеле бобарор аст. Сатҳи ҷаҳонбиниятон васеъ гашта, як қатор мушкилиҳоро ҳал карда метавонед. Дар ин рӯзҳо тавассути интернет бо нафаре шинос мегардед, ки аз ӯ бисёр чизҳоро омӯхта, устоди маънавиятон мегардад. Нимаи дуюми рӯз дар роҳи расидан ба мақсад монеаҳо пеш меоянд.
Далв (20 январ-18 феврал)
Нимаи аввали рӯз ҳаёти орому осоиштаро пеш баред. Нисбати ҳодисаҳои пурасрору пурмуаммо мароқ зоҳир менамоед. Агар мушкилие азобатон медода бошад, дар ин рӯзҳо бисёр чизҳое, ки қаблан дастнорас буданд, ба осонӣ роҳи ҳалли худро пайдо менамоянд. Хоҳиши исбот намудани ҳақиқат боиси аз худ кардани кашфиётҳои наву шахсӣ мегарданд. Нимаи дуюм рӯз дар ҳаётатон монеаҳои нав пайдо мешаванд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Нимаи аввали рӯз барои мустаҳкамсозии муносибатҳои оилавӣ давраи мусоид аст. Шахси дӯстдоштаатон рафтори худро ислоҳ карда, меҳрубонтар мегардад. Рӯз барои вохӯриву нишастҳои дӯстона созгор аст. Эҳтимол шуморо ба маъракаи тантанавие даъват мекунанд. Аз вақти сарф кардаатон пушаймон намегардед. Аз машқҳои вазнини варзишӣ худдорӣ намоед. Дар акси ҳол ҷароҳат бардоштани пой, кашишхӯрии мушакҳо, зарбу лат хӯрданатон имкон дорад.