13 нафар варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо, ки аз 16 то 18-уми апрели соли равон дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, ширкат варзида, шарафи варзиши тоҷикро ҳимоя мекунанд.
Тавре Эргаш Маҳмадбеков, муовини раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки аз 13 нафар варзишгарон иборат мебошад, 9 мард ва 4 зан шомил шудаанд. Инҳо Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кг, Обид Ҷебов ва Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 81 кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ва Шодмон Ризоев дар вазни то 90 кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг байни мардон ва Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кг, Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг, Александра Кан дар вазни то 57 кг ва Виктория Киселёва дар вазни +78 кг байни занон мебошанд.
Барои иштирок дар мусобиқаи инфиродии Чемпионати Осиё дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 83 варзишгар аз 10 кишвар номнавис шудаанд, ки 49 нафарашон мардон ва 34 нафарашон занон мебошанд.
Варзишгарон барои 14 маҷмуи медалҳо дар 7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон бо ҳам рақобат менамоянд.
Соли гузашта дар Чемпионати ҷудои Осиё варзишгарони тоҷик 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.