Музди ҳадди ақал, яъне минималӣ дар Тоҷикистон 1000 сомонӣ буда, музди миёнаи моҳонаи номиналӣ ба 3114,56 сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 17,3% зиёд мебошад. Дар ин бора Агентии омор хабар додааст.
Тибқи иттилои агентӣ музди меҳнати кормандони бахши миёнаравии молиявӣ ва суғурта 7647 сомониро ташкил медиҳад, ки музди баландтарин ба ҳисоб меравад.
Кормандони соҳаи иттилоот ва алоқа ба ҳисоби миёна 6072 сомонӣ маош мегирифтаанд.
Дар бахши истихроҷи канданиҳои фоиданок музди меҳнат 4819,05 сомонӣ будааст.
Шахсоне, ки дар соҳаи таъминот бо нерӯи барқ, газ, гармӣ ва ҳавои таҳвияшуда заҳмат мекашанд, музди меҳнаташон 4713 сомонӣ аст.
Музди миёнаи меҳнат дар соҳаи сохтмон 3682 сомонӣ будааст.
Кормандони соҳаи нақлиёт ва нигаҳдории борҳо ба ҳисоби миёна 3452 сомонӣ музди меҳнат мегиранд.
Дар саноати коркард музди меҳнат 3019 сомонӣ нишон дода шудааст.
Музди меҳнати аз ҳама паст дар соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ ба қайд гирифта шуда, ҳамагӣ 1463 сомонӣ будааст.
Музди меҳнати баландтарин дар шаҳри Душанбе ва пасттарин дар вилоятҳои Хатлону ВМКБ пардохт мешавад.