Commerc banl
Модар ӯгай намешавад (ҚИСМИ 1)
190

- Ӯгай ӯгай аст. Ҳеҷ гоҳ аз он худ намешавад. Кадом зан фарзанди бегонаро фарзанди худ мехонад!? Ҳарчанд рӯякӣ меҳрубон шавад ҳам аммо ҳама фарзандони угайро ӯгай медонад. Ба ӯ зулм мекунад. Аз фарзанде, ки худ дард кашида таваллуд кардааст, як сару гардан боло медонад.

Ҷигарбанди худро, пораи қалби худро охир чаро ҳам аз фарзанди ӯгаяш боло надонад!? Ба фарзандаш бештар таваҷҷӯҳ мекунад, меҳр медиҳад ва бо тамоми ҳастияш парвариш мекунад. Аммо ба ӯгай....

Ҳа ба ӯгай неш мезанад, кори бисёр мефармояд сарқути фарзандашро медиҳад. Намехӯронад, намепӯшонад. Ҳатто зери шартаю шуртаҳои давомдор қарор медиҳад. Боз бар замми ин ба шавҳараш ҳазори айбу ибор мемонаду гуноҳи кардаву нокардаашро ба гарданаш бор мекунад...

Падар ҳам ба суханҳои зани актёраш бовар карда, фарзанде, ки аз пушти камараш шудааст мезанад, дашном медиҳад ва боз ҳар гуна ҷазое, ки хоҳад медиҳад. Ана барои ҳамин ҳам мегӯям, ки ба падарам зан лозим нест!

Ҳар коре, ки лозим ояд ман мекунам. Ғайр аз ин пагоҳ-бегоҳ додару хоҳаронам ҳам калон мешаванд онҳо асои падар мешаванд.

Падарам ниёз ба зани дуввум надорад. Аз оне, ки зери зулми модарандар мемонанд беҳтар аст, ки якумро аз меҳру навозиши модар бебаҳра бошанд,- боқатъият гуфт духтари калонии Амирнаср.

Амирнаср ду сол мешавад, ки ба қавле “бева” аст.  Ҳамсараш ногаҳон бемор шуду вафот кард. Ҳарчанд барои табобаташ кӯшишҳои зиёд карданд аммо нашуд. Чунки дарди аҷалро даво танҳо марг аст, боқӣ ҳама беморӣ шифо меёбад...

Амирнаср ҳамроҳи завҷаи меҳрубонаш Аниса чор фарзанд доштанд. Духтари нахустинашон ҳарчанд чиллаашон набаромада шуда бошад ҳам, аммо се фарзанди дигарашон баъди 15 соли оиладорӣ таваллуд шуд. "Дер ояду шер ояд" гуфтагибарин яку якбор сегоникдор шуданд.

Толеъи баландашон буд, ё оҳу нолаашон ба Худованд рафт онҳо якбора соҳиби се писар шуданд. Волидайни накӯхисол ин гулписарҳоро, бо гул парвариш карданд. Солҳо гузашту сегоникҳо сиҳату саломат ба воя расиданд. Онҳо нав синфи панҷ мехонданд, ки модар реҳлати кард...

Хоҳарони Амирнаср танҳоии додарашонро дида, хостанд барояш зане ёбанд то ҳам аз ҳолу аҳволӣ Амирнасри танҳо бохабар шаваду ҳам кӯдакони ӯро парасторӣ кунад.

Аз ин рӯ, ҳама барои ёфтани ҳамсар ба додарашон ҷамъ омада буданду маслиҳат мекарданд. Лекин духтари калонии хона, ки худ ба шавҳари баромада буд, барои зан гирифтани падар комилан зид буд.

Намехост, ки зани бегона ба хонаи модараш ояду соҳибхона шавад. "Охир барои обод кардани ин хонадон, барои соҳиби сарвату давлат, ҷоҳу ҷалол шудан чӣ қадар модарам азобу машаққат кашиданд. Ҳамтуякак зане ояду беягон ранҷ соҳиби ҳамин ганҷ шавад?"- мегуфт дар дил.

(Давом дорад)

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД