Arzon march 2024
Пирдухтар
06.02.2022
Оила
5371

Фазиламоҳ бо алам мегирист, дар дили шаб бо сўзу дард ашк мерехт. Деҳа ором буд, сукути пурасрори шабро садои чир-чири зиллаҳо ва ак-аки саги ҳамсоя Абҷир мешикаст, духтар рўйи кати кўҳнаи саҳни ҳавлии хурдакаку фақиронаашон чун ғарибони бенаво бегонавор мегирист, хомўш ашк мерехт, намехост модари дилбанду пираш, ягона такягоҳаш дар ин олам сўхтани ўро бубинаду дард кашад. Фазиламоҳ духтари порсоесту иродаи оҳанин дорад, вале таънаи имрўзаи зани ҳамсоя, ҷонони качалпо ба дилаш сахт расид. Зани ҳамсоя, ки хеши дурашон низ ҳаст, гўё бо дилсўзӣ ўро насиҳат карда гуфт:

-Фазила, синнат ба чил мерасаду то ҳол бешавҳар ҳастӣ , ин хуб нест, медонӣ дар он дунё пирдухтаронро ба барзагови занљирбанд никоҳ карда медиҳанд?- Фазиламоҳ заҳри забони ҷононро, ки хеле талх буд, фурў бурда, аз ҷой бархост, вале зани каждумзабон ба ин ҳам қонеъ нашуда, аз қафояш овоз дод:-Ин даъфа, ягон кӯр, кар ё мўйсафеди шалақ баромад, гирифта рав…

Фазиламоҳ духтари хурдии хонадони Меҳрдоди тракторчӣ ва Хайринисои говҷўш буд. Падару модар ғайр аз ў чор фарзанди дигар доштанд, азбаски модараш зани намозхону Худотарс буд, фарзандонро дар рўҳияи меҳнатдўстӣ, одампарастӣ, раҳмдилию порсоӣ тарбия намуд. Зиндагияшон шоҳона ҳам набошад, аз чизе танқисӣ надоштанд, зеро падари меҳнатияшон шабу рўз баҳри зиндагии шоистаи фарзандон заҳмат мекашид. Апаи калонияшро ба шавҳар доданд, домодро ҷонони качалпо ёфта буд, баъд маълум шуд, ки шавҳари апааш девонаавзову ба зиндагии оилавӣ нотайёр будааст. Шояд ҳамин сабаб шуд, ки  дар шавҳар додани апааш Гулфазо ва Фазиламоҳ падар андешаи зиёде мекард. Духтарони амаки Меҳрдод меҳнатию сархам, ки буданд, хостгорони зиёде доштанд ва оқибат Гулфазоро ба ҳамсояписарашон ба шавҳар доданд. Зани ду бародараш низ аз байни шиносҳои падару модараш буданд, хостгорони Фазиламоҳи марғуламўйи сафедпўсту абрўсиёҳ бошад, аз мўйи сараш зиёд буданд. Аммо падар аз бист-биступанҳ нафар хостгор ягонтояшро ба кенҷадухтараш сазовор намедонист. Як ҷавони таблабгор аз қањру ғазабу нокомӣ овоза мекунад, ки Фазиламоҳ бемор аст, ана ҳамин хабари бардурўғ сабаби бастани дари бахти ин духтари нозанин гашт. Бародарони Фазиламоҳ замини калони иҷора доштанду духтар шабу рўз ҳамроҳи аҳли хонавода дар он кор мекард, парво надошт, ки солҳои беҳтарини умраш чун турнаҳо аз фазо мегузаранду дигар барнамегарданд. Дар ин байн падараш аз бемории саратони ҷигар оламро падруд гуфту дили аҳли хонаводаро хун кард. Синни Фазиламоҳ боло мерафту дили модар ва апаҳояшро сагон тала мекарданд, охир ҷигарбанди соҳиб ҷамолу боҳунару меҳнатияшон ҳайф мешуд. Хостгорони меомада мардони калонсоле буданд, ки духтари олуфта худро дар бари онњо ҳатто тасаввур карда наметавонист. Модару бародаронаш низ ҳаргиз ўро ба издивоҷи маљбурӣ тела намедоданд, ҳамсолонаш ҳамагӣ шавҳар карда рафта буданду ҷавонони ҳамсинфаш, ки бисёрии онҳо талабгори Фазиламоҳ буданд, зан гирифтанд. Аслан онҳо се дугона буданд, Моҳсони духтари ҷонони качалпо, Санифаи духтари аммааш ва Фазиламоҳ. Моҳсон аз бахти аввал наосуда, писарашро ба шавҳараш монда, шавҳари дигар кард, риштаи умри Санифа бошад, хеле фоҷиаомез канда шуд. Фазиламоҳ то ҳол аз ғами духтараммааш хун мехўрад. Санифаи нозанин ба дарди бедавое печиду як пояшро буриданд, азбаски духтари зиндадил буд, бо пои ориятӣ кор мекарду ҳамрозу ҳамнафаси Фазиламоњ, дугонаи ҷамолакияш буд. Вале дилаш дардманд гашту зери теғи ҷарроҳон ҷон ба ҷонофарин дод….

Марги Санифа дунёи Фазиламоҳро куллан дигар кард, духтар ба омўзиши «Қуръон»-и маҷид камар баста, панҷ вақт намозашро тарк намекард ва бисёр вақт рўзадор мегашт. Ў пеши худ мақсад гузошт, ки шавҳар намекунад ва умрашро сарфи ибодату парҳезгорӣ менамояд. Чун хостгорони гоҳу ногаҳ дарашонро мекуфтанд, ў онҳоро рад мекард ва пайвандонаш низ чизе намегуфтанд. Синни Фазиламоҳ ба чил дакка мехўрд, ҳамсинфонаш як-як фарзандонашонро хонадор карда, келин мефароварданд, духтар мебароварданд, дар дили Фазиламоҳ ҳасаду бадбинӣ ба дунё ҷо надошт, зеро он макони меҳри Худованди зулҷалол буд. Дар хурсандии ҳамсинфонаш иштирок карда, бо хандаи ширин мегуфт: “тавба, ҳамсинфонам ба қарибӣ бибию бобо мешаванду…” Дар хонаи бародарон аз чизе камбудӣ надошт, шабу рўз меҳнат мекард, як пора нонашро ҳалол карда мехўрд, вале соҳибони забони заҳрогин зиёд буданду дилашро озор медоданд… Як воқеа ҳеҷ аз ёдаш намеравад ва бо ба ёд овардани он ашк гулўгираш мекунад. Пас аз марги Санифа Фазиламоҳ бемор шуда, ба беморхона афтид, чун бегоҳ мешуд, беморон ҳама ба саҳни дармонгоҳ мебаромаданду хандаю шӯхӣ мекарданд Фазиламоҳ ба ин давраҳо кам шарик мешуд ва дар гўшае рўйи харак нишаста, ба мутолиаи китоб ё газетаҳо машғул мегашт, боре ҷавони зардинаи ситорагарм наздаш омада, бо ў шинос шуд. Хайриддин, ки аз Фазиламоҳ понздаҳ сол хурд буд, ўро апа хонд, “ман апа надорам, шумо апаи ман” бо шухӣ гуфт ҷавон. Чун онҳо сиҳат ёфтанду ба хонаҳояшон баргаштанд, Хайриддин Фазиламоҳро ба хонаашон талбида, бо падару модараш шинос кард, модару бародарони духтар низ ин ҷавони самимиро чун пайванди худ қабул карданд. Пас аз гузаштани як сол Хайриддин аз Фазиламоҳ хоҳиш кард, ки барояш арўси бомаъние ёбад. Фазиламоҳ ин хоҳиши додархондашро рад карда гуфт:

-Ман дар ин корҳо тамоман пиёдаам, илтимос додарҷон худат ягон духтаррро интихоб намо.

Аммо Хайриддин ба ҷону ҳолаш намонд ва Фазиламоҳ духтараммааш Нозанин хоҳари Санифаро, ки Донишгоҳи омўзгориро хатм карда, баргашта буд, пешнињод намуд. Хайриддин пеш аз хостгор фиристодан назди Фазиламоҳ омада гуфт:

-Апаҷон, дар ҳаққи хешдухтаратон суханҳои ҳархела мегўянд, вале ман ба хотири шумо розиям ўро ба занӣ гирам, инро ба худи ў ҳам гуфтам. Фазиламоҳ низ шунида буд, ки Нозанин он қадар ахлоқи хуб надорад, вале дили покиза дошту ба овозаҳо бовар намекард. Хайриддин тўйи бошукўҳе барпо карда, Нозанинро ба хонаашон бурд, вале баъди як соли зиндагии якҷоя бо волидон хонаву дари падариро ба додари хурдияш дода, худ ба маркази ноҳия кўч баст. Аз он ки Нозаин хушбахт шуд, Фазиламоҳ хеле хурсанд буд вале… Хайриддин ҳар гоҳи ба хонаи хусуру хушдоманаш омадан, албатта дастовез бардошта, ба хабаргирии апахондаш меомад, дар яке аз ҳамин гуна рўзҳо Фазиламоҳ аз қафои додархондаш то хонаи аммааш рафт. Дарро Нозанин кушод ва шавњарашро бо апахондаш дида, бо овози баланд гуфт:

-Кай бас мекунӣ, ҳамин холабозиятро?! Ин қадар маъқул буд, чаро ҳаминро нагирифтӣ?!- Бо шунидани ин суханҳо гўшҳои Фазиламоҳ қуфл заданд, дигар намешунид, ки ҳамроҳонаш чӣ мегўянд. Баъди ҳамин воқеа ў робитаашро бо Хайриддин канду шишаи бовараш низ шикаст, дигар ба касе бовар надошт….

Садои азони намози бомдод, ки аз масҷиди деҳа меомад, риштаи хаёлҳои ғамангези духтарро канд. Фазиламоҳ барои модараш оби таҳорат тайёр карда, ўро бедор кард. Модару духтар якҷоя намози бомдодро хонданд, Фазиламоҳ сарам дард мекунад гўён, ба болишт сар монд, чун бедор шуда, ба соати телефонаш нигарист, ҳуш аз сараш парид, “вой шарманда, соат як шудааст” гўён, аз ҷой бархост. Аз меҳмонхона садои занона меомад, янгааш бо табассум гуфт: “Меҳмон дорем”. Баъд маълум шуд, ки меҳмонон хешони дури модараш ва хостгорони ў буданд. Ин ду зан Фазиламоҳро барои акаи занмурдаашон хостгорӣ мекарданд, аммо духтар пойро дар як мўза тиқонда, рад мекард. “Духтарам, ту ҷиянҳоятро, ки гаҳвораашонро меҷунбондӣ, ба шавҳаро додию онҳо фарзанддор шуданд, ин занҳо набераҳои тағоям мешаванд, акаашон аз ту понздаҳ сол фарқ дорад. Марди зебои диданӣ, тоҷир ва сарватманд аст, бахтатро пеши по назан”,- илтимос мекард модар. Аммо Фазиламоҳ шавҳар карданӣ набуд. Оқибат хешу табор маслиҳат карда, Фазиламоҳро ғайрихоҳишаш ба Назар доданд. Фазиламоҳи покдоман, ки банди дасташро марде надошта буд, ба зудӣ ба шавҳари чорпаҳлӯи зебо ва меҳрубонаш меҳр баст. Фарзандони Назар, ки ҳамагӣ соҳиби хонаю дари худ ҳастанд, зани падарашонро апа мегўянду эҳтиромашро ба ҷо меоранд, Фазиламоҳ фарзанди нахустинашро интизор аст, бисёр мехоҳем афсонаи умри ҳар бонуи ғамдида чунин ширин анҷом ёбад…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД