Gazrpom april 2025
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Iran Expo 2025»
30.04.2025
Oila.tj
206

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар Намоишгоҳи ҳафтуми зарфияти содиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон - «Iran Expo 2025» иштирок намуд.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи Намоишгоҳи ҳафтуми зарфияти содиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон - «Iran Expo 2025» Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён сухан намуда, Эронро пойгоҳи муносиб барои сармоягузорӣ ва тиҷорат арзёбӣ намуд. Масъуди Пизишкиён гуфт, ки «мо аз ҳузури сармоягузорони хориҷӣ ва тоҷирони байналмилалӣ барои фаъолияти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар кишвари худ истиқбол менамоем».

Намоишгоҳи ҳафтуми зарфияти содиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон - «Iran Expo 2025» ба унвони бузургтарин ва муҳимтарин рӯйдоди содиротӣ барои иртибот бо бозорҳои байналмилалӣ бо иштироки намояндагони ширкатҳои беш аз сад давлати ҷаҳон то 2-юми май идома меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД