Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, раққоса ва актрисаи номвари тоҷик, устоди рақс - Гавҳар Мирҷумъаева дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ аз зумраи ҳунармандоне буд, ки умри хешро ба ҳунар бахшид: бо рақсҳои ҷаззобаш ба дили мардум роҳ ёфт, санъати тоҷикро дар ақсои олам муаррифӣ кард ва шогирдони зиёде тарбия намуд.
… 12 сол қабл, зери садои Ҷӯрабек Муродов бо рақси дилангези “Тановор” Гавҳар Мирҷумъаева ба саҳна баромада, мухлисонашро қоил карда буд. Энержии хоси ӯ ҳамагонро ба ҳайрат гузошт.
Гавҳар Мирҷумъаева дар яке аз суҳбатҳояш гуфтааст, ки рақсро аз кӯдакӣ дӯст медошт. Дар синни 15-солагӣ, вақте дар мактаби миёнаи рақами панҷи шаҳри Ленинобод таҳсил мекард, дар фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, ширкат варзид ва лауреати ин фестивали бонуфуз шуд. Ҳамин тавр, сарнавишти ӯ ба санъат пайваст. Мегӯяд, меҳнатдӯстиро дар қалбаш устодонаш ҷой кардаанд.
- “Устодони ман Рамзия Бакал ва Зоя Дубовская инсонҳои басо сахтгир буданд. Ҳар як ҳаракати рақсиро борҳо тамрин менамудем, ба ҳадде ки хаставу бемадор гашта, дар обу арақ тар мешудем. Дасту пой, хуллас, тамоми пайкарамон узв ба узв ба дард меомад…”, - ба ёд меорад ӯ.
Ҳамин аст, ки то имрӯз лаҳзае бекор нест. Соли 1957 ба ҳайси раққоса дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии шаҳри Хуҷанд ба кор пардохт. Баъдан, фаъолияташро дар пойтахти кишвар идома дод: солҳои 1965-72 раққоса, 1971-1972 сарбалетмейстер ва солҳои 1979-1980 саррежиссёри Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1982-1986 роҳбари бадеии ансамбли рақсии «Фирӯза», аз соли 1986 сарбалетмейстери ансамбли фолклорию этнографии “Ганҷина”, муддате роҳбари ансамбли рақсии «Сайидон» ва аз соли 1996 роҳбари бадеии ансамбли овозадори «Лола» кор кардааст.
Дар оғози солҳои 2000-ум Гавҳар Мирҷумъаева ба шаҳри Исфара кӯчид, дар он ҷо ансамбли “Зумрад”-ро таъсис дода, зуд шуҳратёр гашт. Имрӯз, ин ансамбл на танҳо чорабиниҳои шаҳрро рангин, балки дар саросари кишвар ҳунарнамоӣ мекунад.
Гавҳар Мирҷумъаева дар санъати тоҷик ба сифати ҳунарманди бомаҳорат эътироф шудааст. Рақсҳои ӯ ҷаззобу пурназокатанд.
Репертуари ӯ аз рақсҳои халқҳои дунё, аз ҷумла тоҷикӣ («Муноҷот», «Гулъузорам», «Шодиёна», «Нақорабазм», «Бадахшон»); ӯзбекӣ, ҳиндӣ, арабӣ, сейлонӣ, ӯйғурӣ ва ғайра иборат аст.
Ӯ на танҳо дар саҳнаҳои худӣ, балки дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ва кишварҳои мухталифи дунё ҳунари тоҷикро муаррифӣ кардааст. Худ мегӯяд, ки дар саҳнаи 75 давлати дунё рақсидааст ва миллаташро сазовор муаррифӣ намудааст.
Аз сафарҳои ҳунарӣ хотироти зиёд дорад. Яке аз он хотираҳо вохӯриву шиносоӣ бо шоҳи Эрон Ризошоҳи Паҳлавӣ ва ҳамсараш малика Фараҳ мебошад:
- “Соли 1961 ҳамроҳи устодони санъати тоҷик ба Дания, Эрон ва Афғонистон сафари ҳунарӣ рафтем. Бо ҳамсари шоҳи Эрон Фараҳ Паҳлавӣ суҳбати хоса доштам. Ӯро як зани порсою меҳрубон дарёфтам. Аз рӯзгору зиндагияш нақлҳо намуда, баъдан, аз зиндагии мардуми тоҷик ва зиндагии шахсиям пурсон шуд. Дар рафти суҳбат гуфтам, ки ҳомиладорам. Дар ҳайрат афтод. Тез-тез мижа мезад. Бо даҳони воз дастонашро рӯйи шикамам гузошта, гуфт: “Наметарсӣ, ки ба саҳна мебароӣ? -Не!”, - гуфтам, дар ҷавоб.
Ҳангоми бозгашт, шоҳи Эрон Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ ба ман бо эҳтиром муроҷиат намуд: “Гувҳарбону, шунидам, ки интизори ба дунё омадани фарзандед. Хоҳиши маро пазиред. Агар писар таваллуд шуд, номашро Ҷавод, агар соҳиби духтар шудед, номашро Шаҳноза гузоред!”. Чун писардор шудам, ба ваъда вафо кардам, номашро Ҷавод гузоштам...
Чун сухан аз Ҷавод рафт, лозим аст, ки ҳамсари Гавҳар Мирҷумъаева, собиқадори кинои тоҷик Абдураҳим Қуддусовро ёдовар шавем. Ӯ бо филмҳои ҳунарии «Агар дӯстам дорӣ», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Салом, Гулнора Раҳимовна», филмҳои ҳуҷҷатии «Исфараи гул-гулшукуфон”, “60-солагии заводи Қистакӯз”, “Искандаркӯл” ва даҳҳо филмҳои дигари мустанад дар тараққӣ ва рушду нумуъи кинои тоҷик нақши рӯшан дорад.
Гавҳар Мирҷумъаева барои алоқмандони ҳунараш на фақат чун раққоса, балки чун актриса низ, шинохта шудааст. Дар чандин филми ҳунарӣ, аз ҷумла, «Агар дӯстам дорӣ», “Ҳеҷбудагон”, «Салом, Гулнора Раҳимовна», “Афсонаҳои Шарқ” ва ғайра нақшҳои мондагор иҷро кардааст.
Ёдаш ба хайр!
О. НОЗИР