Бонувони азиз! Мардҳо дар дилашон сирру асрори ниҳоние доранд, ки дар рӯямон гуфта наметавонанд. Мехоҳед донед, ки ин чӣ сирру асрор аст? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!
Чаро мардҳо аз занҳои доно метарсанд?
Аксари мардон намехоҳанд бо зани нисбат ба худашон донотар, зирактар ё қавиирода оила бунёд намоянд. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки мардҳо аз занони кордону корчаллон метарсанд, вале дар асл чунин нест. Ҳамон тавре ки марди заиф ва занбашара ба хонумҳо писанд нест, ба мардон низ зани мардбашара намефорад. Мабодо марди заиф бо зани пурзӯр дар зери як бом аҳлона зиста тавонад, ин мӯъҷиза не, классика аст.
Бепарвоии мард нишонаи чист?
Баъзан занҳо аз беҷуръатии мард шиква намуда, андеша намекунанд, ки шояд ҳамчун зан ба ин мардак писанд нестанд. Вақте мард занро намехоҳад, бо ҳар роҳу восита аз ӯ дурӣ меҷӯяд.
Бонуи ҷанҷолӣ ғаши мардро меорад
Вақте бо мард дар тарабхона нишаста хӯрок мехӯред, ҳеҷ гоҳ ба пешхизмат дағалӣ накунед. Гумон накунед, ки ҳақталошӣ намуда, шумо ба дили мард роҳ меёбед, баръакс, зани ҷанҷолӣ ғаши мардро оварда, ӯро гурезон месозад.
Чаро мард нози занро мебардорад?
Медонед чаро баъзе мардон тамоми нозу нузи зани эркаашонро мебардоранд? Мард фаҳмидан мехоҳад, ки оё худпарастии зан ҳадду канор дорад ё не.
Боз се-чор миллиард зане ҳаст, ки...
Вақте хонумҳои муҳтарами мо аз шавҳаронашон талаби зиёд мекунанду бар ивазаш лутфи кам, медонед мард чӣ кор мекунад? Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо мард ба ёд меорад, ки дар рӯйи ҷаҳон се-чор миллиард зани дигар ҳаст, ки қисми зиёдашон зебову танҳоянд.
Гурги пир гӯшти лаҳм мехӯрад
Аслан мардҳо ба қаду қомати мавзуни зан дар давраи ҷавонӣ диққат медиҳанд. Бо рафтани синну сол дилкашу мавзунқомат будани зан моҳияташро барои мард гум мекунад. Беҳуда намегӯянд, ки гурги пир гӯшти лаҳм мехӯрад, мард ҳар қадар пиртар шавад, мехоҳад ҳамсараш гӯштдор, фарбеҳак ва болишти пари қӯ барин нарму мулоим бошад.
Муштарии дастрас
Ҳар як мард мехоҳад зани орзуҳояш дастрас бошад, вале танҳо барои як нафар, яъне ба худи вай. Нозу нузи бисёр ва ишваю карашмаи зан мардро ба ғазаб меорад.
Тарабхона рафтан “свидания” нест
Занро ба тарабхона даъват кардани мард, табассуми малеҳ ва шӯхию хушгӯӣ карданаш ҳанӯз маънои ошиқ шуданро надорад. Чуноне, ки занҳо мардро меомӯзанд, мард ҳам мехоҳад занро омӯзад.
Либосшӯяк будан кам аст
Аксари мардҳо ҳунари либосшӯйӣ, дарзмолкунӣ, тоза кардани чанги хона ва хӯрокпазиро доранд. Барои ҳамин мард ҳеҷ гоҳ шаттоҳиву ноҳурматии занро танҳо ба хотири он ки кори хонааш сабук шавад, таҳаммул намекунад.
Зани хубро намепартоянд
Мард ҳеҷ гоҳ занеро, ки бо ӯ лаҳзаҳои беҳтаринро аз сар гузаронидааст, намепартояд. Намояндагони ҷинси зариф занеро, ки замоне бо ӯ хушбахт буданд, дарҳол фаромӯш карда наметавонанд.
Мард агар ошиқ бошад...
Гумон накунед, ки мардҳо пойҳои ғулмонанду бӯйи бади даҳон, наракҳои рӯй ва дигар камбудиҳои шуморо намебинанд, мард ҳамаи камбудиҳои занро мебинад. Медонед дар кадом ҳолат мард ҳамаи камбудиҳои шуморо таҳаммул мекунад? Дар лаҳзаи ошиқ буданаш.
Бе ишқварзӣ намемиранд
Агар гумон кунед, ки мардҳо бе мубошират зиста наметавонанд, хато мекунед. Дар асл мард метавонад муддати мадид бе зан зиндагӣ кунад. Мард ҳар қадар кам бо мубошират машғул шавад, ҳамон андоза ба он камтар таваҷҷуҳ мекунад.
Мард зани босавод не, зиндадил мехоҳад
Духтаре, ки шаш забони хориҷӣ медонаду фортепяно менавозад, барои пешравии кор метавонад дар корхонаи дилхоҳ мард ба кор дарояд, вале дар зиндагӣ мард мехоҳад зани зиндадилу меҳрубон дошта бошад.
Рашк мекунад, агар...
Мард танҳо зани дӯстдоштаашро рашк мекунад, вале рашкро нишонаи муҳаббат намешуморад.
Либоспӯшии зан моҳият надорад
Барои мард аслан чӣ гуна либос пӯшидани зан моҳият надорад. Ба ақидаи мардон занҳо либосҳои рангорангро танҳо барои дар назди занҳои дигар ҷилва кардан ба бар мекунанд.
Зебоӣ барои мард муҳим нест
Занҳое зиёдеро мисол овардан мумкин аст, ки дар ҳусну ҷамол аз чизе камӣ надоранд, вале шавҳаронашон ба оғӯши маъшуқаҳои безебаки назарногир медароянд. Медонед чаро? Барои он ки зебоии зан барои мард аслан моҳият надорад, мард занеро меҷӯяд, ки дар канори ӯ худро марди майдон ва шери жаён эҳсос намояд.