formula feb 2025
Дар ЮНЕСКО ба бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ конфронс баргузор мешавад
30.04.2025
Oila.tj
149

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани «Рӯдакӣ» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» ба бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ конфронси илмӣ-байналмилалӣ баргузор менамояд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафи конфронс омӯзиши амиқи осори беназири Ҳофизи Шерозӣ ва эътирофи арзиши воқеии саҳми ин абармарди сухану адаб дар тамаддуни башарӣ мебошад. Аз ин рӯ, пажӯҳишгарону донишмандон имкон доранд, ки дар ин конфронс иштирок намуда, мақолаҳои худро пешниҳод намоянд.

Конфронс аз 11 то 14-уми июни соли 2025 дар қароргоҳи ЮНЕСКО доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки шоир ва мутафаккири бузург Ҳофизи Шерозӣ аз зумраи бузургтарин шоирони тоҷику форси асри XIV аст, ки бо гузашти чанд аср ғазалиёти дилкаши ӯ ҳамрозу ҳамрадифи мардумони гуногунқавму гуногунфарҳанг боқӣ мондаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД