Кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 1-октябр аз обанбори дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мавҷуд буда, ҷасади марди тахминан 40-42 солаеро пайдо намуданд. Ҷасад барои ташхис ба мақомот супурда шуд, вале шахсияти марди ғарқшуда ҳанӯз муайян карда нашудааст.
Ҳамзамон дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Бадахшони Кӯҳӣ ҷасади як пиразани 71-сола аз дарёи Ғунд пайдо шудааст. Зайнилмоҳ Чоршанбева ҳанӯз аз санаи 22-юми август дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Пайвандони ин зани солхӯрда гуфтаанд, ки кампири Зайнилмоҳ бемории рӯҳӣ дошт ва эҳтимолан аз сабаби беэҳтиётӣ ба дарёи Ғунд афтода бошад.
Дар Бадахшон боз як ҳодисаи нохушӣ ғарқ шудан дар дарё ба вуқуъ пайваста, навраси 15-сола худро ба дарёи Панҷ партофтааст. Айни замон ҷустуҷӯи ҷасади ин хонандаи синфи 9, ки сокини ноҳияи Рӯшон мебошад, идома дорад.