Arzon march 2024
Пиралфонс (ҚИСМИ 2)
1255

Солҳо гузаштанд, модарам пир шуда буду дигар наметавонист дар бозор бишинад, аз ин рў, дар наздики хонаамон мағозаеро ба иҷора гирифт, аммо алфонси хонаи мо пир шуду аз гардани модарам фаромаданӣ набуд. Мегуфтӣ хонаву дари бунёд кардаи худаш аст, ки меомаду мерафту модарам ҳам чизе намегуфт.

«Аҷал»-и навомад

Ман мактабро хатм кардаму ба донишгоҳ дохил шуда, баъди онро ба итмом расонидан ба кор шуруъ кардам. Модари заҳматкашидаамро намегузоштам, ки дигар кор кунад. Аммо шавҳари модарам пир шуда бошад ҳам, ба ҷое рафтанӣ набуд ва акнун бисёр ба роҳат дар гардани ман макон гирифта буд. Синнаш ба ҳафтод расида бошад ҳам, кор мекард, зеро даҳ нафар духтарро шавҳар додан даркор буд, писаронашро хонадор карда бошад ҳам, аз рўйи шунидам, онҳо корро он қадар дўст намедоштанд ва ба май дил дода буданд. Инро аз сўҳбатҳои гоҳ-гоҳии амаки Ҳошим бо модарам мешунидам. Ман бо ў бо эҳтиром гап мезадам ва ҳаргиз ба рўяш каҷ нигоҳ накарда будам. Навбати оиладор кардани ман фаро расид, холаам духтари як дугонаашро, ки Донишгоҳи тиббиро хатм карда буд, пешниҳод кард. Саида ба ман маъқул афтод ва тўйи мо баргузор гашт, ҳамсарам ҳам кори давлатро мекарду ҳам кори хонаро, модарамро мисли модари худаш дўст медошт, аммо ситорааш ба ситораи шавҳари модарам рост намомад, ки наомад. Ў ниҳоят ростгўю ҳақиқатпарвар буд ва беномусиву тайёрхӯрии ин мард ғашашро меовард. Боз холаам солҳои дароз дар гардани модараму акнун дар гардани ман «нишеман» гирифтани ин мардро нақл карда, ўро девона кардааст. Амаки Ҳошим умуман ба Саида аҳамият намедод, ҳис мекардам, ки аз зани ман ҳарос дорад. Як рўз бухории хонаи хоби модарам вайрон шуд, амаки Ҳошим ба ман гуфт, ки имрўз фаромўш накунаму бухории нав харам, ман майлаш гуфтам. Ҳамин вақт занам гуфт:

- Чӣ, шумо барои хонаи хоби худатон як бухорӣ харида наметавонед? Ба хаёлам коратон хуб аст ва маоши нағз мегиред ё ягон писаратонро гўед, як бухорӣ ҳадя кунад, тайёрахўрӣ ҳам ҳад доштагист!

Амаки Ҳошим худашро ношунида вонамуд кард. Акнун занам доим ўро барои тайёрхўрияш гўшона мезад, ин марди беномус хомўш буд.

Роҳи халосӣ

Саида духтари оилаи бою бадавлате буд, ки чор бародараш ҳамагӣ дар мансабҳои баланд кор мекарданд, падараш ҷавон аз олам гузашта буду модараш мисли худаш духтур. Хонаи мо зебову бошаҳомат бошад ҳам, Саида бо модарам маслиҳат карда, дар маркази шаҳр дар биноҳои навсохт хонаеро харидорӣ намудан хостанд. Хона нотайёр буду мо ин хонаамонро фурўхта, ҳам ними пули хона ва ҳам пули таъмирашро пардохтем. Мо бояд ақаллан шаш моҳ дар ҷое зиндагӣ мекардем ва ба ҳавлии модари Саида кўчидем. Занам рўирост ба амаки Ҳошим гуфт:

- Ман шуморо ба хонаи модарам бурда наметавонам, зеро шахси бегона ҳастед. То тайёр шудани хонаи мо метавонед дар хонаи ягон фарзандатон зиндагӣ кунед. Амаки Ҳошим дар пойтахт хона надошт ва ба як хобгоҳ кўч баст. Бародаронаш ба занам хонаи сеҳуҷрагӣ тўҳфа карданд, имрўз ману ҳамсарам, модараму ду фарзандам он ҷо зиндагӣ мекунем. Хонаамон дар бинои баландошёна кайҳо тайёр шуду онҷо иҷоранишинони хориҷиро шинондем, пули аз иҷораи хона ба даст омадаро дар бонк мегузорем ва оянда як нақшаи хуб дорем.

Гумон мекунам, модарам ҳам аз халосӣ аз шавҳараш хурсанд аст, аммо одами хуб ки ҳаст, наметавонад инро рӯирост ба вай гўяд. Ин марди беномус ҳоло ҳам ба умеди ба хонаи нави мо кўчидану идома додани зиндагияш аст. Шумо тасаввур кунед, даҳ домоду ду келину як дунё набераву чабера, вале аз гардани мо фаромаданӣ нест. Ҳоло ҳам бо ҳамон «Волга»-и кўҳнааш мегардад, модарамро гоҳ-гоҳ ба ягон ошхона даъват карда, ҳамон ҷо хўрок мехўранду сўҳбат мекунанд. Аз рўи гуфти модарам дар хобгоҳ бо як писараш мезияд ва аз шаробхўриву бекорхӯҷагияш шикоят мекунад.

Бовар кунед, ман зидди муносибатҳои модарам бо ин беномус нестам, хайр агар ў модари маро дўст дорад, як хонаи якхонагӣ хараду ўро ба ҳамон ҷо бурда, зиндагӣ кунанд. Ман ҳам ёрдам мекунам, майлаш ман ба ҳузури ин тайёрахўр дар хонаамон одат кардам, аммо зани ман намехоҳад ўро бубинад. Чӣ бояд кард?

РАСО, аз шаҳри Душанбе

Таснифи Рухсора Саид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД