tobiston
Парвози тайёраҳо дар масири Душанбе-Теҳрон барқарор мешавад
09.07.2025
Фирӯза
44

Аз пагоҳ, 10-уми июл парвози тайёраҳо дар масири Душанбе-Теҳрон аз нав барқарор хоҳад гашт. Дар ин бора аз ширкати Varesh Airline дар Душанбе ба расонаҳо хабар додаанд.

Парвози аввалин дар масири Душанбе-Теҳрон рӯзи панҷшанбе, яъне пагоҳ, 10-уми июл аз ҷониби ширкати Varesh Airline сурат мегирад.

Дар хабар гуфта шудааст, ки рӯзҳои наздик тайёраҳои Somon Air низ аз Душанбе ба Теҳрон парвоз хоҳанд кард.

Дар маҷмӯъ аз Тоҷикистон ба Эрон ҳафтае 6 парвоз ба нақша гирифта шудааст.

Тайёраҳои ширкати Varesh Airline рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе ба  Машҳад ва рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе ба шаҳри Теҳрон парвоз мекунанд.

Тайёраҳои ширкати Somon Air рӯзҳои душанбе ва ҷумъа ба Теҳрон парвоз хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки парвози тайёраҳо ба Эрон бо сабаби даргириҳои байни Эрону Исроил ва баста будани фазои ин кишвар муваққатан манъ шуда буд.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД