Қасди худкушӣ
Духтарак аз алам ҳамон шаб сӯзан хӯрд, вале марг низ ҷонашро аз никоҳ бо Муроди авбош халос кардан нахост. Падару модараш ӯро ба беморхона бурданду табибон сӯзанро афтонданд ва чанд рӯз пас Салимаро ба хона ҷавоб доданд. Бечора духтар шабу рӯз гиряву нола карда, зориву тавалло менамуд, ки фотиҳаро гардонанд, аммо гапи модараш якто буд: “Мурӣ ҳам, Муродро мегирӣ, беҳуда доду вой накун!”.
Тағову янгааш хуб медонистанд, ки Салима ба ин никоҳ розӣ нест, вале рафтори духтаракро нози арӯсона пиндошта, бо дили пур орду равған, пахтаю латта ва дигар лавозимоти тӯёнаро харида меоварданд. Рӯзе, ки сарупойи арӯсро оварданд, Салима қиёматро қоим карда, дар назди хусуру хушдомани ояндааш ошкоро гуфт, ки мемураду зани писари авбошу таҷовузкори онҳо намешавад. Ҳалима аз ин рафтори духтараш ба ғазаб омада, дар назди меҳмонҳо ӯро чунон ҷорӯбшап кард, ки фиғони духтарак ба фалак печид.
Дидори вопасин
Аз пушти як авбош шатта хӯрданаш ба Салима бисёр сахт расид. Баъди рафтани меҳмонҳо вай ба хонаи худаш даромада, телевизорро баланд кард ва то як поси шаб гиря кард. Соатҳои яки шаб модараш ба ҳуҷраи ӯ даромад ва бо қошу қавоқи овезон таъкид намуд, ки ҳама асбобҳои барқиро хомӯш карда, баъд хоб раваду саҳарӣ барвақт ба хонаи дӯзанда рафта, куртаҳои арӯсиашро гирифта биёрад. Духтар ба пеши пойи модараш афтода, боз зориву тавалло намуд, ки тӯйро гардонад, вале модар боз ҳамон гапашро такрор кард: “Мурдаат аз Мурод халос нашавад, зиндаат халос намешавад, хоҳӣ-нахоҳӣ, ба ҷияни ман мерасӣ, беҳуда ҳам сари ману ҳам худатро гаранг накун, духтар!”.
Салима дигар чизе нагуфта, модарашро ба оғӯш гирифт ва дар бехи гӯшаш пичиррос зад: “Маро бубахшед, агар шуморо ранҷонда бошам!”.
Ҳалима ин суханони духтарашро нишонаи ба тақдир тан додани Салима пиндошта, хурсанд шуд, вале…
Арӯси дар шохи дарахт овезон
Саҳар пеш аз ҳама бародари калонии Салима аз хоб хеста, хост ба ҳоҷатхона равад, вале дар гардиши пушти ҳавлӣ ҷасади хоҳари арӯсашро дар шохи дарахт овезон дида, фиғонаш ба фалак печид. Аз доду фарёди ҷавон ҳама аҳли оила бедор шуданд ва ба таҳлука афтода, тозон ба берун баромаданд. Вақте ки Ҳалима аз дар баромад, писараш бо дастони ларзон ҳалқабандеро, ки дар он ҷисми беҷони арӯсаки номуроди ин хонадон овезон буд, мебурид. Маҳмуди мисли ҳамеша ин шом низ масту аласт бо дидани ин манзара якбора ҳушёр шуд ва тозон ба кумак шитофт. Падару писар бо як азоб бандро буриданд ва ҷисми беҷони Салимаро рӯйи даст бардошта, ба хона дароварданд. Аҳли оила бо фиғону нола хеле кӯшиш намуданд, ки ӯро ба худ биёранд, вале ҷони ҷавони аз зиндагӣ ҳеҷ наосудааш кайҳо ҷисми Салимаи нокомро тарк гуфта, дар гардани барфсон сафедаш изи банд мисли мори сиёҳи печон боқӣ монда буд.
Хурду калон ба падару модари сангдили Салима лаънат хонда, бо чашмони пуроб ҷасади ин духтараки ормониро ба хок супурданд. Ин арӯсаки чодари арӯсӣ надида, мисли гули жолазада бармаҳал хазон гашта, орзую ҳавасҳои ширини дилашро бо худ ба зери хоки сард бурда, дар дили пайвандонаш захми носуре гузошт…
Нолаи зори модар
Қабристони деҳа дар пушти хонаи Маҳмуд ҷойгир аст. Ҳар саҳар аз хоб бедор шуда, назари Ҳалима пеш аз ҳама ба хоктӯдаи гӯри духтари ҷавонмаргаш меафтад, ки аз ҷабри ӯ даст ба худкушӣ зада, ин дунёи зебою фиреборо хеле барвақт падруд гуфт ва аламаш даҳчанд гашта, рӯю мӯяшро канда, дар сӯги арӯси сиёҳпичааш зор-зор нола мекунад. Сад бор пушаймон аст Ҳалима аз якравиаш, вале дигар аз ин ашки надомат рехтанҳо суде нест, ки нест. Оби чашму рӯю мӯйкании модар Салимаи нокомро дубора зинда карда наметавонад…