Formula novemver 2024
Парасетамол кӯдаки 7-соларо кушт
3042


Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон модари як кӯдаки 7-сола духтури ёрии таъҷилиро дар марги духтарчааш айбдор кардааст.

Бино ба гуфтаи ин зан духтур “парасетамол”-ро аз меъёр зиёд ба кӯдак дода, боиси маргаш гаштааст. Ин модари фарзандгумкарда оби дида рехта мегӯяд: “Ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки духтараки зебоямро “парасетамол” мекушад. Евгения Игнатева умедвор аст, ки гунаҳкорони марги духтараш ҷазо мегиранд.

Василина Бражникова фарзанди хурдии ин оилаи серфарзанд ба ҳисоб мерафт.Модари духтарча мегӯяд Василина дар байни панҷ фарзанди дигараш аз ҳама солимтар буда, ҳатто дар фасли зимистон бо як куртаи ҳарир дар кӯча бозӣ мекард ва боре ҳам бемор нашуда буд. Ду моҳ духтарча аз дарди шикам шикоят мекунад ва модараш ба “Ёрии таъҷилӣ” занг мезанад. Духтур ба Василина доруи “Тайлол –Ҳот” додааст. Дар ин таркиби ин доруи зидди зӯком “парасетамол” зиёд буда, одатан онро ба кӯдакони аз 12-сола боло тавсия медиҳанд. Ба гуфти модари Васелина тахминан пас аз 20-дақиқаи хӯрдани дорӯ ҳоли фарзандаш тамоман бад шуда, ба кома афтидааст. Табибон барои наҷот додани ҷони ин духтарчаи 7-сола хеле талош намуда бошанд ҳам, кӯшишҳояшон ягон натиҷа надод ва пас аз се шабонарӯзи бе ҳушу бе ёд хобидан Васелина дар бемористон ҷон дод.
Дар беморхонаи клиникии кӯдаконае, ки дар он ҷо Василинаи 7-сола дар ҳолати вазнин бистарӣ буд, табибон тасдиқ кардаанд, ки аз меъёр зиёд истифода кардани “парасетамол” боиси марги кӯдак гаштааст.
“Вақте парасетамолро аз меъёр зиёд медиҳанд, дар баъзе кӯдакон ҷигар зарари ҷиддӣ дида, токсина ҷудо мекунад ва ин боиси заҳоолудшавии организм мегардад”-мегӯяд директори беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Алмаато Аскар Калиев.


Яке дар ҷустуҷӯи гов ба сад бозор мегардад, Аҷаб, ки гов чу гурба сар сари девор мегардад.


Кормадони “Ёрии таъҷилӣ” аз шаҳри ҳодиса худдорӣ намуда, мегӯянд духтуре, ки ҳамон рӯз ба хонаи Васелина рафта буд, ҳоло дар рухсатии меҳнатӣ қарор дорад ва танҳо баъди ба кор баромадани табиб онҳо аз паси таҳқиқи ин ҳодиса хоҳанд шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД