Arzon march 2024
ПАНҶАКЕНТ: МАРД ЗАНАШРО КУШТУ БА ДОР ОВЕХТ!
5633


Зӯроварӣ ва хушунати хонаводагӣ боз як хонаро мотамсарой гардонд.
Боз як модар дар сӯги ҷигарбандаш хун мегиряд!

Қомати боз як падарро марги фарзанд шикаст!
Боз фиғони ҷигарсӯзи хоҳару бародар ва хешу табор ба фалак печид.

Боз як ҷавонзани тоҷик ба дасти шавҳар кушта шуд!
Ин ҳодисаи ҷонгудоз шоми 3-сентябр дар ҷамоати деҳоти Саразми Панҷакент ба вуқуъ пайваста, риштаи умри як ҷавонзани тоҷик, ки ҳамагӣ 22-сол дошт, бо дасти ҳамсараш бераҳмона бурида шуд...
Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент хабар додааст. Боздоштшуда қаблан суд шуда бошад ҳам, ба ҷойи ислоҳ шудан, баъди аз зиндон озод гаштан боз ҳамон кирдорҳои худро идома дода, ин дафъа даст ба ҷинояти боз ҳам вазнинтар-одамкушӣ задааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, шоми 3-сентябр байни ин мард ва ҳамсари 22-солааш ҷангу ҷанҷол бархоста, дар рафти моҷарои хонаводагӣ шавҳари золим аз рашк зани ҷавонашро бо рӯймоли сараш бӯғӣ карда мекушад.

Пас аз анҷом додани ин амали бераҳмона бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷинояти содир намудааш мард ҷисми бе ҷони занро дар оғилхона ба дор овехта, баъдан пайвандони ҳамсарашро хабардор ва ҳодисаро ба онҳо ҳамчун худкушӣ маънидод намудааст.

Шавҳари бадрашк бо овехтани ҷисми ҳамсари номуродаш ба дор ҳамаро гӯл занда, аз ҷавобгарӣ дар амон мондан мехост, аммо тираш хок хӯрда, ба чанг афтод. Айни замон нисбати гумонбар бо қисми 1-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД