Як рӯз қабл дар деҳаи Шашқати ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент, Фарҳод Исоев, писари Қудратуллои усто, ки соли таваллудаш 1994 аст, дар вақти дар чарогоҳ қарор доштанаш аз баландии 300 метр ба замин сарозер гашта, ҷон ба ҷонофарин супурдааст.
Шоҳидони ҳодиса марги Фарҳоди нокомро ба хабарнигори сомонаи Oila.tj расонида, чунин афзуданд: Ҳодиса дар рӯзи истироҳатӣ рух дода буд, муаллим барои ба чарогоҳ бурдани гӯсфандаҳояш ба баландии 300 метр аз сатҳи баҳр баромада, хостааст, ки барои аз бориши зиёди борон паноҳ бурдани гӯсфандонаш онҳоро самти деҳа равона созад вале дар сангрезаҳои кӯҳ пояш лағжида, чӣ гуна ба замин афтиданашро нафаҳмида мондааст. Ҷасади дар хоку хун оғӯштаи муаллимро ҳамдеҳагон дарёфта, худи ҳамон замон ба дасти наздиконаш месупоранд.
Даҳшат: Сӯхтори мошин дар шоҳроҳи Ҳисор - Турсунзода
Хабарнигори сомонаи Оила Мирсаиди Сатториён аз ҷои ҳодиса, бо мо дар тамос гашта, оиди чӣ гуна рух додани ҳодиса чунин гуфт: "Фарҳодро дар деҳаи Шашқад ба ҳайси муаллими физика ва математика ҳамагон хуб мешинохтанд. Ба гуфтаи наздиконаш Фарҳоди ғурамарг як сол пеш оиладор шуда буд ва ба наздики бояд унвони падариро соҳиб мегашт, аммо тақдир ба ин ҷавони 26 сола, номардӣ намуда, дар айёми гулгуншукуфоии умраш риштаи ҷонашро барканд.
Солиёни охир аз сабаби боришоти зиёди борону барф чунин ҳодисаҳои нохуш, ки боиси марги одамон мешавад, рӯх медиҳад. Маҳз ба ҳамин хотир кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то охири ҳафтаи ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ мемонад: боронҳои пуршиддат, раъду барқ, жола (дар навоҳии кӯҳии бештар аз 2000 метр барфи тар). Бахусус раъду барқ дар роҳҳо хатар доранд. Дар роҳҳои кӯҳии кишвар омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг эҳтимол дорад.Бинобар ин аз сафар кардан ба мавзеъҳои кӯҳу пушта худдорӣ кунеду ҷони худ ва наздиконатонро дар хатар нагузоред.