Субҳи имрӯз дар шоҳроҳи Душанбе –Турсунзода, аниқтараш дар наздикии деҳаи Ғайрат (Лангар)-и шаҳри Ҳисор мошини тамғаи “Некси” оташ гирифтааст.
Бино ба гуфтаи шоҳидон ягон нафар аз мусофирони ин нақлиёт зарари ҷисмонӣ надидаанд, аммо ин сӯхтор ба ронандаи мошин хисороти зиёди моддӣ расонидааст.
Кормандони оташфишонӣ дар як лаҳза ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, алангаи оташро хомӯш карданд ва оҳанпораҳои боқимондаи мошинро ба ҷои лозима интиқол доданд.
Навори видеоии ин сухтори даҳшатангезро як корбари фаъоли сомонаи Инстаграм дар гуруҳи “Luboychi_tjk” нашр кардааст.