Рӯзи 11-апрели соли ҷорӣ дар кишварамон ду садамаи маргбор рӯх дод. Яке аз садамаҳо дар наздикии пойтахт ва дигаре дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш ба амал пайваст.
Бинобар иттилои ВКД ронандаи автомобили тамғаи BMW, сокини пойтахт Раҳматзода Миралӣ Сайфуллои 54 сола, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Деҳотии пойтахт, аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, шаҳрванд Файзов Тоҷиддин Муҳиддиновичи 40-соларо пахш намудааст. Файзов сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, дар натиҷаи садама ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошттааст ва пас аз ба беморхона интиқол ёфтан ба ҳалокат расидааст. Садама тахминан соати 21:00 сурат гирифт.
Овоза ва ҳақиқати садамаи Зайнура Пӯлодова бо шавҳари 20- солааш
Инчунин, таърихи 11-апрели соли 2020, тахминан соати 21:00 ронанда Зикруллоев Алиакбар Абдуҷаборович, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Қ.Дашти ноҳияи Файзобод ҳангоми сафар аз самти шаҳри Ваҳдат ба ҷониби шаҳри Роғун дар 29 киллометри шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, боиси марги пиёдагарди хурдсол, Раҳимова Мадина Худойназаровна гардид. Мадина сокини ҷамоати деҳоти Д. Алиеви ноҳияи Файзобод буда, ҳамагӣ 6 сол доштааст. Дар натиҷаи садама Раҳимоваи хурсол ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон ба ҷонофарин супурдааст.
Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад, омадааст дар хабари ВКД.