Чанд рӯз қабл дар сомонаи The Azio Times навори видеоие бо унвони “Таджик привез свою жену из Таджикистана а его русская жене избила ее до полу смерти” пайдо шуд, ки дар он як зани рус кундоши тоҷикашро лагатборон намуда, аз дари хонааш берун мекунад.
Ҳодиса дар кадом хобгоҳ сурат гирифта, кундошҳо дар хонаи № 12 зиндагӣ мекунанд. Аз навор маълум аст, ки зани тоҷик дар Русия ғуломи зани руси шавҳараш гаштааст ва мисли канизак тамоми кору бори хонаро мекунад. Ба ҷойи раҳмат гуфтан зани рус бо баҳонаи он ки хона бетартиб ва кӯдаконаш гурусна нишастаанд, палонҷи тоҷикашро бераҳмона лату кӯб мекунад ва ҷавонзан додгӯён бо чашмони пурашк худро ба берун мезанад ва “оҳ, худоҷон” гӯён ба замин мешинад. Ҳамсояҳо садои доду фиғонро шунида аз хонаҳояшон мебароянд.
Ҳамсояи рӯ ба рӯяшон аз зани тоҷик мепурсад:
-Что случилось?
Тоҷикзан ҳамоно гиря карда ба саволҳои ҳамсояҳо посух намедиҳад.
Ҳамсоязан боз суол медиҳад:
-Разбила тебе лицо?
Ин зани азиятдида аз шиддати гиря ба саволҳои ҳамсоязан ҷавоб надода, дастаи дари хонаи кундошашро суяш мекашад. Аз баски дарро аз дарун қулф карда буднд, зан чораи дигар наёфта сарашро дошта ба берун меравад.
Ҳамин вақт кундоши русаш аз хона мебарояд ва норозиёна ба ҳамсояҳо, ки ба тамошои ин кинои бе пул ҷамъ шуда буданд, рӯ оварда мегӯяд:
- Унас свои прорблемы!
Пас аз ин зан бо ғазаб ба яке аз ҳамсояҳо амр мекунад:
-Где она? Бегом, скажи ей чтобы зашла домой, а то он сейчас приедить. Чтобы вечером жрать, дома ничего не готова, дети голодные, ушла бляд. Пускай заходить по хорошему, сучара...
Баъди дохил рафтани ин зани бадаҳон ҳамсояҳо байни худ баҳс мекунанд, ки ҳатман ба милитсия занг задан лозим аст, вагарна ин зан палонҷи тоҷикашро зада мекушад.
Ҳамин хел видео бо баҳси ҳамсояҳо хотима меёбад.
Маълум аст, ки кадоме аз ҳамсояҳо ҷанҷолу занозании зани русро бо палонҷи тоҷикаш сабт карда ба интернет партофтааст.
Пас аз тамошои ин навор саволҳои зиёде дар зеҳни кас пайдо мешаванд, ки чаро зани тоҷик ғуломи кундоши русаш гаштааст? Шавҳари ин зан дар куҷост ва чаро ҳамсарашро аз зарби мушту лагати зани русаш раҳо намекунад? Аҳволи он муҳоҷирзани тоҷик баъди ин ҷанҷол чӣ шуд? Зани бечора аз ночорӣ боз ба хонаи палонҷи русаш баргашта, дубора шатта хӯрд ё шабро дар ягон партовгоҳ саҳар кард?
Суоли аз ҳама муҳим он аст, ки чаро мардони тоҷик ба хотири хона, "прописка" ва ба даст овардани шаҳрвандии Русия натанҳо худ, балки зану фарзандонашонро низ ғуломи занҳои рус месозанд? Чаро иҷозат медиҳанд, ки кадом як зани кӯчагӣ ба сари зани никоҳиашон даст бардорад? Куҷост нангу номуси мардии ҷавонмардони тоҷик?!