Падарам зани рус гирифту рӯзамон сиёҳ шуд
Падарам моро партофта, ба Русия рафт ва дар он ҷо бо зани аз худаш калонсоли рус оиладор шуда, моро батамом фаромӯш кард. Солҳои аввал моро суроғ накунад ҳам, каму беш ба апаву хоҳарони худаш занг мезад, вале баъдан тамоман бе ному нишон шуд. Модари бесаводу деҳотиям барои хӯрондану пушонидани мо дар ба дари хонаи ҳамсояҳои дороямон гашта, хизматгорӣ мекарду боқимондаҳои хӯроки онҳоро оварда, шиками моро сер мекард. Модарам ғаму андуҳашро ба мо нишон намедод, мо ҳам ҷавон будему азобу хориҳояшро эҳсос карда наметавонистем. Ҳамин тавр, баъди азобу уқубати зиёд модарам хеле ҷавон вафот кард. Мо фарзандонаш бе модар монда, сарҳисоби зиндагиро гум кардем, як хоҳарам бо духтарони бероҳа дугона шуда, аз хона рафт. Аммаҳоямон моро аз хонаи падарӣ зада пеш карданд. Ман бошам, ба синни 30 қадам гузошта бошам ҳам, оиладор шуда наметавонам, охир ҷавони бе хонаву бе модарро кӣ мегирад? Дар тамоми ғаму андуҳе, ки ба сари оилаи мо омад, падарам гунаҳкор аст. Бовар дорам, ки зани русаш дар дами пирӣ ӯро аз хонааш меронад. Он гоҳ ба суроғи мо меояд, вале ман ҳеҷ гоҳ чунин падарро қабул намекунам!
Р.