arzon replenishment
Падарам домоди шаҳрӣ мехоҳад, вале...
2410

Салом! Ман, як духтари ҷавони тоҷик, ки дар дуроҳаи зиндагӣ зору ҳайрон монда, намедонад ба кадом роҳ равад, мехоҳам мушкиламро нақл карда, аз хонандагони рӯзгордидаи сомонаи "Оила" маслиҳат бипурсам.

Ман дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаам. Падарам духтури номдор, модарам бошад, корманди бонк аст. Банда роҳи пурифтихори падарамро идома дода, ба донишгоҳи тиббӣ дохил шудам ва насиб бошад, ба наздикӣ онро хатм намуда, духтур мешавам.

Волидонам аллакай дар тараддуди оиладор кардани ман афтидаанд ва мехоҳанд маро ба писари як шиносашон ба шавҳар диҳанд, вале ман ба ин издивоҷ розӣ нестам.

Домодшаванда аз як оилаи сарватманд буда, падарам бо падараш ошноӣ дорад ва “дар чунин хонавода келин шуда, азоб намекашӣ” гӯён, ҳар рӯз маро насиҳат карда истодаанд, ки ба тӯй розигӣ диҳам, вале дили ман аслан ба он ҷавон моил нест.

Гап дар сари он аст, ки домоди писандидаи падарам бо давлату сарвати падараш ифтихор карда, назараш касеро намегирад. Бисёр бачаи мағрур ва худхоҳу худпараст аст. Аз худаш шоҳзода сохта, чунон ҳавобаландона гап мезанад, ки ғашам меояд.

Вай аз ҳозир дар назди ман шарт гузошта истодааст, ки баъди тӯй дипломамро дар таги болишт монда, хонашин мешавам. “Ман ба пули ту муҳтоҷ нестам ва намехоҳам, ки занам барои чор сум пул шуда, рӯзи дароз бо мардони бегона чақ-чақ карда гардад” гӯён, маро асабонӣ месозад. Ҳанӯз тӯю никоҳ нашуда, чунон рафтор мекунад, ки гӯё моли шахсиаш бошам.

Ростӣ як ҳамсабақи худам низ ба ман хостгор фиристода буд, вале падару модарам бо баҳонаи он ки онҳо дар деҳа зиндагӣ мекунанд ва шояд ман, духтари шаҳрӣ аз ӯҳдаи кору бори қишлоқ баромада натавонам, хостгориашонро рад карданд.

Байни ман ва ҳамкурсам муносибати ошиқона вуҷуд надорад, вале ба ихтиёри худам мебуд, домоди худпарасти ёфтаи волидонамро не, балки ӯро интихоб мекардам, чунки деҳотӣ бошад ҳам, бачаи хуб ва тарбиятдида аст.

Мехоҳам ба падару модарам бигӯям, ки гап дар деҳотию шаҳрӣ ё бою камбағал будан не, дар одаму одамгарӣ аст, вале шарм медорам.

Метарсам, ки волидонам гумон бад набарад, ки шояд ман бо он ҳамсабақам ягон муносибат дорам ва барои ҳамин домоди ёфтаи онҳоро рад карда истодаам. Оилаи зиёӣ бошем ҳам, то ҳол ман ба рӯйи падару модарам нигоҳ карда, гап зада наметавонам, зеро онҳоро сахт эҳтиром мекунам ва ба рӯяшон давиданро беэҳтиромӣ медонам.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Хотири падару модарам риштаи тақдирамро бо ҷавони сарватманду мағруре, ки аслан одамонро одам ҳисоб намекунад, пайвандам ё рози диламро ошкор карда, ҳамсабақамро интихоб намоям?

Гулҷаҳон, сокини ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Малохатхон Исхоки 2023-10-14, 16:05
Тарифот хама противосказанно! 1. Оилаи зиеи-духтарашро хеч гох берозиги ба шавхар намедихад. 2. Оилаи зиеи- вале духтари хонадон ба руи падару модар нигох карда наметавонад, Хатто фикрашро гуфта наметавонад. Биеед сафедро сафеду сиехро сиех гуем. Оилаи зиеи не, оилаи пулпараст, молпараст, тарозубин. Оилаи босавод хам не, чун фарзандро ранги хайвони хонаги, аниктараш ранги гуспанд тарбия кардаанд, ки хатто сохибмаьлумот бошад хам сохибхукук нест. Домод ку аник аз чунин тоифахои навефтаи точикхои нав, вале хонадони арусро хам ба катори зиеиен гузоштан, хатои махз аст. Домоди ефтаашон бояд як талаби дигар низ кунад, ки хусуру хушдомани пулдуст низ дипломхояшонро таги болишт монанду, хусурро гуспандбон е дахмарда гираду хушдоманро косашуй. Номи зиеиро бад накунед!!!!
Посух
Мухлис 2023-10-15, 09:44
Бо хохиши худат амал бикун зеро зиндаги бисёр мушкил хаст бо чавони хавобаланду магрур. бо падару модар дар масьалаи издивоч бе хурмати нест.ояндаи хаётатро андеша кун ки фардо дераст.
Посух
Хонанда 2023-10-19, 14:24
Ман хеле хуб медонам, ки дохил шудан ва хондан дар донишгохи тибби бисёр душвор аст. Барои бисёрихо ин орзу аст. Вале агар шмо ин кадар солиёни зиёд захмати кашидаатонро барбод додан хохед, мархамат рози шавед. Зиндаги ба инсон як маротиба дода мешавад, мисли хостаи худ зиндаги намоед.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД