Sebiston new 2024 october
Падар дар пушти дар (ҚИСМИ 2)
1499

Хобҳои шикаста

Тӯли ин солҳо он қадар сахтӣ кашидем, ки ногуфтанӣ… Субҳи барвақт дар гармову сармо табақи калони нон болои сари модарам буду ману додаракам аз қафояш каш-кашон бозор мерафтем, ҳар гоҳе ин сахтиҳо ба ёдам меоянд, доман-доман ашк мерезам. Ҳаргиз хоби серии кўдакиро надида будем, вақте хонадор шудем, хушдоманам дарҳол хонаи моро ҷудо карданд. Ҳамеша шавҳарамро таъкид мекарданд, ки занатро озор надеҳ, Озода дар кўдакӣ хоби сериро надидааст. Мо дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекардему ман аз оби хонаи хушдоманам даромада, аз оташаш мебаромадам, ба хотири меҳрубониҳояш хизматашро аз дилу ҷон мекардам. Ҳозир як писару як духтар дорам, дилам намешавад, ки аз хоб бедорашон кунам, ба ёди хобҳову бозиҳои шикастаи кўдакии худам. Мо соҳиби ҳама чиз шудем, ман ҳам ҳавлии бошукўҳу ҷойи кори хуб, мошину давлату сарват дораму додарам ҳам. Модарам Хонаи Худоро зиёрат кардаанду дигар кор намекунанд. Бисёртар дар ҳамон хонаи дуҳуҷрагии аз падар мерос монда зиндагӣ мекунанд, гоҳ-гоҳе ба ҳавлии ман, бештар ба ҳавлии додарам мераванд.

Падар дар пушти дар

Падарам ҳамеша дар мансабҳои баланд кор кардаву дар як канори шаҳр дар қаср бо зани ҷавон ва ду писараш зиндагӣ мекард. Ҳар гоҳе деҳа равем, таърифи зиндагии шоҳонаи онҳоро аз забони амакбачаҳоям мешунидем, вале мо барои ў гўё вуҷуд надоштем. Аслан мо ҳам кайҳо ўро фаромўш кардаву бахшида будем, зеро дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ надоштем, аммо…

Як субҳ модарам занг зад, ки зуд ба хона биё, гумон кардам, ки фишорашон баланд шудааст, кўдаконамро назди хушдоманам гузошта, давон ба хона рафтаму шоҳиди манзарае шудам, ки ҳуш аз сарам канд!

Дуҳуҷрагии модарам дарун ба дарун буд ва ҳуҷраи даруна хонаи хоби модарам буд. Болои рахти хоби модарам марди тануманде хоб буд ва як тарфи рўяш каҷ, маълум буд, ки инсулт гирифтааст. Бодиққат нигариста, падарамро шинохтам, ки бо алам ба ман менигарист. Ман зуд аз хона берун шудам ва модарам низ наздам омада, бо овози паст гуфт:

- Писараш ба нею нестонам нигоҳ накарда, ӯро оварда монду рафт. Мегўяд, “мо шаш моҳ нигоҳ кардем, фарзандони шумо ҳам фарзандаш ҳастанд, шаш моҳи дигар шумо нигоҳ кунед, намемуред, омада боз ӯро мебарем ва бо навбат нигоҳ мекунем.

Ростӣ, ман се рўз аз хонаам набаромада гиристам, ўро бахшида натавонистам, аммо додарам ўро ба хонааш бурд ва аз пайи табобаташ шуд. Парастораш модарам буд, ман ба бузургии дили модарам тан додам! Баъди як сол падарам ба по хест, дар ин муддат мо ба ҳам меҳрубон шудем, зани ҷавонаш бо писари хурдияш ба Олмон рафтанд, писари калонияш бошад, дар ҳавлӣ монд. Ӯ зуд-зуд ба хабаргирии падарам меомад ва ба додарам чун себи дукафон монанд буд. Ў зуд бо мо унс гирифт, модарамро очакалон мегуфт. Ману додарам ўро дўст доштем, модарам низ…

Аз ин воқеа дувоздаҳ сол сипарӣ гашт, падару модарам аз нав бо ҳам никоҳ карданд, додаракамро ману модарам хонадор кардем. Имрўз онҳо гоҳе бо ман, гоҳе бо додаронам меистанд, вале бисёртар дар ҳамон дуҳуҷрагии даврони ҷавонияшон зиндагӣ мекунанд…

Ман аз волидонам иҷозат гирифта, ин қиссаро расонаӣ кардам, қазоват аз шумост, дўстони азиз!

ОЗОДА

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД