Arzon march 2024
ҚОТИЛИ РУФЕЙДА ПИСАРХОНДИ БОБОЯШ БУД
6607


Куштори ваҳшиёнаи духтарчаи 8-сола Руфейда Иноятова дар ноҳияи Рӯдакӣ яке аз даҳшатноктарин ҳаводиси соли 2021 ба шумор меравад. Ин ҳодисаи нангин ва ваҳшатзода тамоми ҷомеаи Тоҷикистонро ба по хезонда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёде ба миён овард.

Ин тифлаки маъсум, ки бо чашмони кабуди обӣ ва мӯйҳои ҷингилаи тиллорангаш ба як фариштаи хурдакак шабоҳат дошт, санаи 4-уми июл ба ҳоҷатхона рафта, бо ҳамин бе ному нишон гаштааст. Ҳарчанд тамоми ҳаққу ҳамсоя ва шиносу ношинос ба ҷустуҷӯи Руфейда афтода бошанд ҳам, кофтокобҳои дастаҷамъона натиҷаи дилхоҳ надода, пайвандонаш рӯзи дигар ҷисми беҷони ӯро пайдо намуданд.
photo_2021-07-14_11-51-26
Дертар аммаи Руфейда тафсилоти куштори даррандавори духтараки маъсумро шарҳ дода, дар он чӣ тавр аз ҷониби ҳамсояи наздикашон амаки Раҳматулло аввал таҷовуз ва баъдан кушта шудани Руфейдаро аз забони худи духтарчаи шаҳид мӯ ва мӯ қисса намуд. Тафсилоти куштори тифли маъсум, ки қотили ваҳшии гургсират баъди куштан сар ва дасту пойҳояшро аз тан ҷудо ва пора-пора карда ба ҳоҷатхона андохтааст, он қадар ваҳшатовар аст, ки ба тани кас мурғак медамад. Руфейдаи ғуррамарг ҳамагӣ як ҳафта қабл аз зодрӯзаш кушта шуд. Агар ин ҳодисаи ваҳшатбор рӯй намедод, санаи 13-июл руфейда ва хҳари дугоникаш Румейса рӯзи 13-июл 8-сла мешуданд, аммо ҷашни зодрӯзи духтаракон имсол ба мотам табдил ёфт.
photo_2021-07-14_11-57-14
Спутник дар рӯзи ҷашни зодрӯзи ин тифлаки шаҳид тафсилоти куштори Руфейдаро аз забони бибиаш Гулсун Иноятова нашр кард.

Гулсун Иноятова дурага буда, модараш рус ва падараш тоҷик будааст. Бибикалони падарии духтарча низ рус буда, аз ҳамин сабаб дугоникҳо чашмни кабуди обӣ ва мӯйҳои тиллоранг доштанд. Руфейдаи ноком дар мактаб хуб мехонд, аммо рӯзи 4-июл бо сабаби ҳоҷатхона надоштан ба хонаи яке аз хешовандонашон ба ҳоҷатхона рафта, бо ҳамин беному нишон мегардад.

Бибии Руфейда дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки шавҳари марҳумаш, яъне бобои Руфейда Раҳматулло Гадоевро, ки дар ҳамсоягиашон мезист, писархонд гирифта буд. Азбаски падари Раҳматулло дар зиндон вафот карда, ин ила бесаробон монда буд, Иноятовҳо мудом ба онҳо ёрӣ мерасониданд, аммо Раҳматуллои кӯрнамак ба ҷойи раҳмат гуфтан, набераи падархондаш, Руфейдаи 8-соларо аввал таҷовуз намуда, сипас ба таври ваҳшиёна ба қал мерасонад ва дасту пойҳи тифли маъсумро аз танаш ҷуд карда, ҷасади пора-пора гаштаи кӯдакро ба ҳоҷатхона мепарояд.

Бибии Руфейда мегӯяд, баъди куштан ва пора-пора кардани ҷасади Руфейдаи хурдакак Раҳматулло Гадоев ба хонаи падарарӯсаш ба шаҳри Хуҷанд фирор карда буд, вале кормандони мақмоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро дастгир намуданд.

Раҳматулло Гадоев падари се фарзанд-як писару ду духтар буда, духтарчаҳояш бдугонаҳои Руфейдаи ғуррамарг буданд ва мудом ҳамроҳ бозӣ мекарданд.
Падари Руфейда-Валиҷон Иноятов бо ишқу муҳаббат ба модараш Меҳрангез хонадор шудааст ва онҳо соҳиби 4 фарзанд будаанд. Руфейда ба ғайр ва хоҳари дугоникаш Румейса боз як апа ва як додарчаи 2-сола дошта, додаракаш то ҳол бозгашти ӯро интизор аст, зеро ақли ин тифлаки маъсум ҳанӯз ба он намерасад, ки дар ҷомеаи мо одамони гургсирате ҳастанд, ки кӯдакони бегуноҳро шикор карда, бераҳмона таҷовуз мекунанд, мекушанд ва ҷисмашонро пора-пора месозанд.

Ёдрас мешавем, ки тафтишоти ин парвандаи пурсару садо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқу идома дорад.

Раиси Маҷлиси Олии Маҷлиси Милии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ раванди тафтишти ин парвандаро зери назорат гирифтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД