Овозаи куштори бераҳмонаи ин зани ҳисорӣ бо дасти ҳамсоя натанҳо дар Водии Ҳисор, балки дар шаҳри Душанбе низ ғулғула афканда буд.
Ҳар кас ҳодисаро ба таври худ шарҳ медод, яке мегуфт, ки ҳамсоя аз рӯйи хусумат ва бадбинӣ зани бечораро ба қатл расонидааст, дигарӣ ҳадс мезад, ки мақсад дуздӣ будаву соҳибхона бедор мешавад ва ба хотири он ки мабодо ӯро нашиносад, ҷавон ҳамсояашро куштааст, саввумӣ ҳодисаро бо обу ранги дигар нақл мекард, вале...
Аз ҳама даҳшатовараш дар ин рӯйдоди нохуш ин кушта шудани ҳамсоя бо дасти ҳамсоя буд, зеро барои мардуми тоҷик ҳамсоя бо хешу табори наздик баробар аст. Бовар кардан душвор аст, ки чӣ тавр шахсе, ки солиёни сол дар паҳлӯи шахсе зиста, нону намакашро борҳо хӯрдааст, метавонад қасди ҷони ҳамсояаш намояд, вале...
“Ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳ” мегӯянд, вале ҳамсояи наздикаш балои ҷони Ороста Розиқова гашт.
Нафси бад балои ҷон
Муҳаммад ба қимор дил бохта буд. Бо мақсади пули муфт ба даст овардан ин ҷавони беандеша тез-тез ба толорҳои букмекери сар мезад, вале ба ҷойи бурд намудан бештар бозиро мебохт.
Ҳамин тавр пули калон қарздор шуд. Акнун ба пӯсташ кайк даромада, намедонист чӣ тавр аз қарз халос шавад...
Ба ҷойи роҳи дурусти зиндагиро пеш гирифта, бо меҳнати ҳалол аз қарз халос шудан ин ҷавони бехирад роҳи наҷотро дар дуздӣ дида, хонаи ҳамсояаш Оростаро ба ҳадаф гирифт, вале...
Ба пешвози аҷал
Муҳаммад бо мақсади дуздӣ ба дастонаш дастпӯшаку ба рӯяш ниқоб кашида ба хонаи ҳамсоя даромад. Боварӣ дошт, ки аҳли оила дар хоби мастанд ва ӯ бемалол хонаро ғорат карда, баромада меравад, вале кораш омад накард. Вақте ки ӯ вориди ҳавлӣ шуд, собихоназан Ороста бо нияти таҳорат кардан аз хона мебаромад.
Бо дидани он ки нақшаҳояш барбод мераванд, ҷавони дузд сахт ба ғазаб омада, қарор дод, ки ҳамсоязанро мекушад.
Вай мисли даррандаи ваҳшие, ки сайдашро мепояд, дар пушти дари ҳамом камин гирифт ва баробари қадам ба берун гузоштани зан ба ӯ ҳамла намуда, бо як дасташ маҳкам сарашро дошту бо дасти дигараш даҳону биниашро маҳкам кард.
Оростамоҳ ҷонҳавл кӯшиш мекард, ки худро раҳо кунад, вале наҷот ёфтан аз чанголи ин гурги дупо ба ӯ ҳеҷ муяссар намегашт.
Билохира, зан нафасгир шуда, ҷон аз баданаш баромад.
Муҳаммад чун дид, ки соҳибхона ҷон ба ҷонофарин супурдааст, ҷисми беҷони ӯро кашолакунон ба ҳоҷатхона бурда партофт ва ангуштарину гушвораҳои тиллоияшро кашида гирифт. Дузди қотил ғанимати ба даст вардаашро ба кисса зада, вориди манзили марҳум гашт ва ба такорӯ кардани хона сар кард, аммо...
Духтараки ҷасур
Меҳронаи 15-сола аз садои шақар-шуқур аз хоби ноз бедор шуда чашмонашро кушод ва марди ношиноси ниқобпӯшро дида, чунон ба даҳшат афтод, ки бо тамоми овоз дод зад. Муҳаммад, ки чунин ранг гирифтани корро ҳеҷ интизор набуд, аз тарси он ки ҳозир аз садои доду фиғони духтарак ҳамсояҳои гирду атроф бедор мешаванд, сахт ба таҳлука афтда, ба Меҳрона ҳуҷум мекард. Мехост мисли модараш ӯро низ ба он дунё фиристад, аммо духтарак таслим нашуда, муқовимат мекард. Дар рафти ин афту дарафт Меҳрона дасти дуздро чунон сахт газид, ки мард мувозинаташро гум карда, кулоҳаш аз сараш парида рафт. Аз тарси он ки ҳозир ҳамсоядухтар ниқобашро ҳам аз рӯяш кашида мегирад, Муҳаммад ҷонҳавл худро ба берун зад, вале...
Сирри фошгашта
Амали ноҷавонмардонаи ин дузди қотил пинҳон намонда, ба зудӣ ба чанг афтид ва тамоми сирру асрораш фош гашт.
Суди Олии Тоҷикистон сокини шаҳри Ҳисор Муҳаммад Одинаевро бо моддаи 67, қисми 3-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон дар куштори бераҳмонаи ҳамсояаш Ороста Розиқова ва захмӣ намудани духтари ноболиғаш Меҳронаи 15-сола, ҳамчунин роҳзанию ғоратгарӣ гунаҳкор дониста, ба 27 соли зиндон маҳкум намуд.
Сайидо беҳуда нагуфтааст:
Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард,
Саг чу шуд девона, ӯро метавон занҷир кард.
Ба хотири нафси саркаш шуда, ин ҷавони бехирад даст ба қатли ҳамсоя зад ва акнун меваи талхи ин амали нангини худро чашида, 27-соли умри ҷавонашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард, вале ҳайфи умри Ороста, ки бо ҳабс шудани қотилаш дубора аз хоки сард сар берун нахоҳад кард...