Бераҳм
Як рӯзи сабзу офтобии баҳорӣ роҳбари синфашон Ашрафзода ба онҳо хонандагони синфи ёздаҳ амри директори мактабро расонд, имрӯз баъди дарс хона рафта, хӯроки нисфирӯзӣ хӯрда, либосҳои корӣ пӯшида дар боғи мактаб ҳозир мешавед, алафдаравӣ! Ашрафзода чун одати пешина ба Садбарг нигариста гуфт, ту набиёӣ ҳам, мешавад, хонаатон меҳмон омадааст. Духтар абрӯвони зебояшро баланд бардошта, ба муаллим нигариста гуфт:
-Меҳмон биёяд ба ман чӣ, модарам ҳаст, янгаам ҳаст,- Садбарг медонист муаллим дурӯғ мегӯяд ва бо ин дурӯғаш ҷони хешдухтари эркаашро аз алафдаравӣ халос мекунад. Он рӯз дар боғи мактаб ҳама баҳс бо баҳс алаф медаравиданд, хандаи духтарон мисли овози мурғакон гӯшҳоро навозиш мекард. Садбаргу Сайёд паҳлӯи ҳам бо ҳам сӯҳбат карда, аз ин олам хеле дур буданд, ҳамин вақт аз дарахти себ гунҷишкбачаи бе пару боле ба рӯйи дарзаи алаф афтид. Садбарг онро ба даст гирифта, аввал калаашро баъд ду қаноти лучакашро канда партофт ва дастони хунолудашро “фу” гӯён, ба дарахти себ молиду баъдтар рафта шӯст. Аз дидани ин манзара Сайёд дар ҷояш шах шуд, ӯ гунҷишкаки пора-пораро бурда, ба ҷуқричае партофта болояшро бо хок пӯшонд ва чизе нагуфта, алафдаравонро тарк кард. Ӯ ду рӯз ба мактаб нарафт, рӯзи сеюм омаду дар партаи ахир танҳо нишаст, дигар дар паҳлӯи Садбарг нанишаст. Касе аз ӯ напурсид, ки чаро ин корро кард, зеро ӯ дар байни ҳамсинфон ғайри Садбарг дӯст надошт, дигарон бошанд, аз ғазаби Садбарг метарсиданд. Садбарг аз тоифае набуд, ки барои ин ғам хӯрад, дигар умуман бо Сайёд гап намезад, гӯё ӯ вуҷуд надошта бошад. Сайёд бо дидани Садбарг пеши назараш пайкари беҷону пора-пораи гунҷишкак ва дастони пурхуни дӯстдоштааш падид меомад. Ин амал ишқу эҳсосро дар дили ҷавон кушт, ӯ натавонист Садбарги бераҳмро бубахшад.
Қотил
Пас аз хатми мактаб Сайёд бо хоҳиши худ ба аскарӣ рафту баъди хизмат ба ватан донишҷӯ шуд. Бо дониши худ ба факултаи ҳуқуқ шомил шуда, онро сарбаландона хатм кард, ба деҳа кам-кам мерафт. Онҳо дар оила шаш нафар буданд, чор писар ва ду духтар. Апаҳояш шавҳар карда, думболи рӯзгори худ рафтанд, ду акааш дар ноҳия кору фаъолият мекарданд, бародари калонияш сокини пойтахт ва корманди ҳифзи ҳуқуқ буд. Бо кӯмаку дастгирии бародараш Сайёд низ дар шаҳр кор ёфт, аввалҳо дар хонаи бародараш зиндагӣ мекард, баъд зан гирифту бо ёрии бародаронаш соҳиби хонаи шахсӣ ҳам шуд. Дар бораи Садбарг ҳамин қадар медонист, ки ба як тоҷир ба шавҳар баромадаву зиндагии шоҳона дорад. Зани Сайёд аз хешони зани бародари калонияш буду касбаш табибӣ, ин духтараки меҳрубону ширинзабон, ҳунарманду раҳмдилро аз рӯзи аввал дӯст дошт. Зиндагӣ чун дарё равон буду Сайёду ҳамсараш соҳиби чор писари нозанин шуданд. Садбарг дар ёдаш набуд, вале…
Ба ӯ парвандаи занеро доданд, ки писари сесолаашро зада куштааст, чун Сайёд бо ҷинояткор вохӯрд, ӯро ҳамон ҳолате фаро гирифт, ки ҳамон рӯз дар боғи мактаб эҳсос карда буд. Пеши ӯ Садбарг меистод, ӯ худашро пур карда, зеботар шуда буд, ҳарчанд Сайёдро шинохт, аммо худро ба нодонӣ зад. Ба саволи чаро писаратро зада куштӣ, чунин ҷавоб дод, вай куртаи сеҳазорсомонии маро бурид, ман фақат якто дар бехи гӯшаш фаровардам, куштан намехостам. Ӯ гӯё писарашро не, мурчаякеро зер карда бошад, хунсардона гап мезад, пеши назари Сайёд манзараи солҳои навхатияш зинда шуд, гунҷишкаки парканда ва дастони хунолуд…
Сайёд саломатияшро баҳона карда, аз бурдани парванда даст кашид ва шунид, ки Садбаргро ба муҳлати даҳ сол зиндон карданд…