Слима дар шимолу шарқи Малта воқеъ буда, аз ёдгориҳои ҳам ҳозиразамону ҳам таърихӣ, аз ҷумла бо ҳаммомҳои римӣ бой мебошад. Ин ҳаммомҳо ба соли 218 то 870-и пеш аз мелоди давраи ҳукмронии римиҳо тааллуқ доранд.
Ковишҳои бостоншиносӣ тадқиқ кардаанд, ки боқимондаҳои ҳаммомҳо аз фригидарий - ҷойи ивазкунии либос дар ҳаммом, тепидарий - макони ҳавздор ва ҷойи дамгирӣ аз оббозӣ, калдарий ва гипокаустовий - мавзеъҳои гармтарини ҳаммом, ки ба санъати меъмории римӣ тааллуқ дорад, сохта шудааст.
Дар замони мо ин харобазорҳо сайёҳонеро, ки бо таъриху фарҳанги қадима ва илми бостоншиносӣ алоқамандӣ доранд, ба худ ҷалб карда, имкони ба ҳолати маданияти қадимаи римӣ ғарқ шуданро медиҳад.