Тоҷикистон зеботарин кишвари Осиё эътироф гашта, сазовори ҷоизаи бонуфузи Top Asia Corporate Ball 2024 (кишвари осиёие, ки зеботарин манзараҳои табииро дорост) гаштааст.
Маросими тантанавии супудани ҷоизаи бонуфузи Top Asia Corporate Ball 2024 рӯзи 3-юми декабр дар Куала-Лумпур баргузор гашта, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати манзараҳои нотакрори табиияш, аз қабили кӯҳҳои Помир, Фон ва Искандаркӯлу Қарокӯл соҳиби ин ҷоизаи бонуфуз ва зеботарин кишвар дар қитъаи Осиё эътироф шудааст.
Ҷоиза ба Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Малайзия супурда шуд.
Маҷаллаи «Top 10 of Asia» ҳамчун муассиси ин ҷоиза қайд намудааст, ки қарори маҳз ба Тоҷикистон супурдани ҷоизаи Зеботарин кишвари Осиё дар асоси тадқиқотҳои махсус, назари коршиносони соҳаи сайёҳӣ, ҳамчунин хотираҳои неки сайёҳон аз ин кишвар қабул карда шудааст.
Ин ҷоиза аз афзудани таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳие дарак медиҳад, ки натанҳо манзараҳои зебоӣ табиӣ, балки анъанаҳои нек ва фарҳангу тамаддуни бой дорад.