Arzon march 2024
Сайрҳои рӯзҳои истироҳати 5-6 август
4184

Барои онҳое, ки давоми ҳафта ҳамагӣ 5 рӯз кор мекунанду рӯзҳои шанбеву якшанбе истироҳат, шояд ҳанӯз муаммо бошад, ки ин ду рӯзро чӣ гуна гузаронанд? Бо кори хона банд шаванд, ё ба фароғат?

Мо барои шумо феҳристи чорабиниҳои рӯзҳои 5 ва 6-уми августро омода кардем. Шинос шаведу интихоб кунед, ки ба кадомаш меравед:

Саёҳат ба Искандаркӯл бо истироҳати шабона

Дар бар мегирад:

  • нақлиёт;
  • роҳбалад;
  • кат дар кабина;
  • бозиҳои гуногун;
  • камзӯлҳои боронӣ;
  • гулхан ва хушгузарониҳо;
  • мусиқии зинда;
  • нишони хотиравӣ;
  • хӯроки севақтаина.

Нарх: 450 сомонӣ

Кай: 5-6 август

Рақамҳо барои тамос: +992 91 834 00 43; +992 80 767 67 96

Саёҳат ба кӯли Тимурдара

Кӯл дар дараи Қаратоғ дар баландии 1970 метр ҷойгир аст. Саёҳат камтар душвор аст. Дар аввал шумо бояд нишебиеро паси сар кунед, пас аз он марғзорҳои зебоманзарро сайр кунед.

Кай: 5 август, соати 08:00

Нуқтаи сафар: к. Бухоро, 50А, қаҳвахонаи “Шоколадница”

Нарх: 180 сомонӣ

Телефон барои тамос: +992989903020

Сафари дурӯза дар маркази кӯҳҳои Фон - Артуч

Дар назди кӯли Чукурак иштирокчиён бошишгоҳ, хаймаҳо ва ҷойҳои хоб мегузоранд.

Нархи сафар дар бар мегирад:

  • боркашонӣ дар ду самт;
  • хайма ва ҷойи хоб;
  • ҳезум, садобардор ва рақс;
  • бозиҳо ва вақтхушӣ;
  • хадамоти роҳбаладӣ.

Нарх: 390 сомонӣ

Кай: 5-6 август

Барои сабти ном ба ин телеграм нависед.

Сайри ройгони Душанбе

Сайр комилан ройгон буда, он ҳар ҳафта рӯзи шанбе аз соати 19:30 оғоз мегардад. Барои номнавис шудан сокинону меҳмонони пойтахт бояд соати 19:00 дар майдони "Озодӣ" назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳозир шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД