Arzon march 2024
ОҚСИЛ САБАБИ МАРГИ ГОВ МЕШАВАД Ё НЕ?
2150

Аҷиб ва ҳайратовар аст, ки чанд рӯз боз дар пайи гирифторшавӣ ба бемории номаълум даҳҳо гов дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) ба ҳалокат расидаанд.

Бахтовар, як сокини ин деҳа, ки гови худро аз даст додааст, дар суҳбат бо мо гуфт, ки ин бемории нав буда, говро аз пой меафтонад ва дар як муддати кӯтоҳ ба ҳалокат мерасонад.

"Дар як муддати кӯтоҳ гов ба дарди шадиде гирифтор шуда, аз роҳ рафтан мемонад. Ба назар мерасид, ки пойи гов ба тезӣ мепӯсад, зеро агар дурӯғ нашавад, худ аз худ аз пойи гови мо як бор қариб 2 литр ва баъдтар боз ҳамин қадар хун рафт. Гӯё суми пойи гов ҳам пӯсида, аз пой ҷудо мешавад. Гови мо дар як рӯз мурд. Ростӣ, касе намедонад, ки ин чист ва барои табобати он чӣ бояд кард”, - гуфт Бахтовар.

Як ҳамсӯҳбати дигари мо аз ин деҳа гуфтааст, ки духтурон ин бемориро як навъи нави “ахсил” гуфтаанд, аммо мӯйсафедони деҳа мегӯянд, гов аз ин беморӣ намемурад.

"Қариб се рӯз аст, ки чорвои мардум ба ҳалокат мерасанд. Духтурон ҳам омада, рафта истодаанд. Маълум нест, ки чӣ мешавад. Ҳоло гови мурдаро ба сой меандозанд. Тақрибан 40 – 50 гови мардуми деҳа то ин замон ҳалок шудааст”, - гуфт як нафари дигар.

Пештар аз ин сомонаи “Оила” аз фавти номаълумои говҳо дар шаҳри Ҳисор, аниқтараш дар деҳаҳои дараи Алмосӣ ва Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи куҳӣ хабар дода буд. Бино ба иттилои мухбири сомона ҳайвонҳои шохдори калони мардум бе ягон сироят мурданд.

“Дар гӯшти гов ягон чизи зараркунанда дида намешавад. Ба фикри ман онҳо аз бемории оқсил аз пой афтодаанд”, - гуфта буд Муло Аюб, аз дараи Алмосӣ дар суҳбат бо мухбири сомона. Ӯ говҳои касалашро ҳалол карда, аз ташхиси духтур гузарониду баъдан ҳамроҳи набераҳояш истеъмол намуд.

Мардуми деҳаҳои атрофи дараи Алмосӣ гуфта буданд, ки ин беморӣ аз алафу обҳои он ҷо ба говҳояшон зарар кардааст. Бинобар ин, барои ҳифзи чорвои боқимондаашон онҳоро аз чарогоҳҳо ба хонаҳояшон оварданд.
Бахтовар Рашидов, духтури бойтории шаҳри Ҳисор дар масъалаи фурӯхтани гӯшти ин гуна говҳо ба гуфта буд, ки "Мо ба мардум фаҳмонидем, ки барои пул шуда, ҷони дигаронро дар хатар нагузоранд. Оқсил бемории табобатшаванда аст ва говҳо бо мурури вақт албатта сиҳат мешаванд. Одамонро ҳушдор медиҳем, ки аз иетеъмоли гӯшти говҳои фавтида худдорӣ намоянд”.

Назари мақомоти ноҳияи Деваштич то ҳол маълум нест ва нисбат ба ин беморӣ шарҳи бештар ҳам надодаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД