Sebiston new 2024 october
ГӮШТИ ГОВҲОИ ФАВТИДАРО НАФУРӮШЕД, МАРДУМ!
3056

Аҷиб ва ҳайратовар аст, ки чанд рӯз боз дар шаҳри Ҳисор, аниқтараш дар деҳаҳои дараи Алмосӣ ва Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи куҳӣ ҳайвонҳои шохдори калони мардум бе ягон маризӣ ва ё сироят мурда истодаанд.

Ситора ном ҷавонзани сокини ҷамоат ба сомонаи “Оила” дар иртибот шуда, оид ба марги ногаҳонии говаш чунин гуфт: “Ду говамонро аз даст додем. Говҳои мо дар чарогоҳҳои берун аз деҳот, ки то расидани фасли сармо он ҷо мемонанд, бе ягон касалӣ мурданд. Бародаронам рафта, ду гови дигарамонро аз чарогоҳ ба хона оварданд. Айни ҳол, онҳоро дар оғилхонаи худамон парвариш дорем”.

Мирзошариф сокини деҳаи Тутакаи шаҳри Ҳисор аст. Ӯ дар бораи муромурии говҳо аз ба таври ногаҳонӣ гуфт, ки онҳо оқсил шудаанд. Гови мо аз бемории оқсил дар чарогоҳ мурд. Инро ба мо духтури бойторӣ гуфт, аммо ба дигар чорвоҳои калони шохдорамон зараре нарасидааст. Бо табобатҳои мардумӣ дигар говҳоямонро аз касалӣ ҳифз намуда истодаем.

Муло Аюб аз дараи Алмосӣ дар суҳбат бо мухбири сомона гуфт, ки говҳои касалашро ҳалол карда, аз ташхиси духтур гузарониду баъдан ҳамроҳи набераҳояш истеъмол намуд. “Дар гӯшти гов ягон чизи зараркунанда дида намешавад. Ба фикри ман онҳо аз бемории оқсил аз пой афтодаанд”.

Мардуми деҳаҳои атрофи дараи Алмосӣ ба он назаранд, ки ин беморӣ аз алафу обҳои он ҷо ба говҳояшон зарар кардааст. Бинобар ин, барои ҳифзи чорвои боқимондаашон онҳоро аз чарогоҳҳо ба хонаҳояшон оварда истодаанд.
Бахтовар Рашидов, духтури бойтории яке аз ин деҳаҳо дар масъалаи фурӯхтани гӯшти ин гуна говҳо чунин гуфт:

"Мо ба мардум гуфтем, ки барои пул шуда, ҷони дигаронро дар хатар нагузоранд. Оқсил бемории табобатшаванда аст ва говҳо бо мурури вақт албатта сиҳат мешаванд. Одамонро ҳушдор медиҳем, ки аз иетеъмоли гӯшти говҳои фавтида худдорӣ намоянд.”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД