Formula novemver 2024
Ошиқонро дар моҳи январ чӣ интизор аст?  
2342

Ҳамал

Зодагони мучали ҳамал дар ҷодаи муҳаббат боҷуръаттару дилёб мегарданд. Дар ин моҳ ба зудӣ дили нафареро, ки ошиқаш ҳастед, ба даст оварда метавонед. Барои он ки дар оянда пушаймон нашавед, тамоми ҳастии худро ба муносибатҳои ошиқона равона насозед. Нафарони муҷаррадро муҳаббати бузург интизор аст. Оқибати шиносоӣ ва вохӯриҳо бо оиладоршавӣ анҷом меёбад. Нафароне, ки дӯстдошта доранд, дар ин моҳ аз рашки беандоза азият мекашанд. Муноқишаҳои пуршӯр бо косаву табақшиканӣ ва хафагиву ранҷиш анҷом меёбанд. Шуморо лозим аст, ки нисбати ёри худ эътимодро аз даст надиҳед, мушкилиҳои сарзадаро ҳамроҳ ҳаллу фасл намуда, монеаҳоро убур кардан осонтар мегардад.

Савр

Моҳи январ дар ҳаёти шахсии зодагони мучали савр рӯйдодҳои хуш рух медиҳанд. Агар шумо ба тағйиротҳо омода бошед, сараввал сару либоси худро нав кунед, ин амалатон аз чашми ошиқон дур намемонад. Нафарони муҷаррад аз мулоқотҳои ошиқона болидаруҳ гашта, худро азизу дӯстдоштанӣ эҳсос мекунанд. То хонаи ақди никоҳ расидани ин муносибатҳо аз худи шумо вобастагӣ дорад. Нафароне, ки бахти худро пайдо кардаанд, ба ҷуфти худ зуд-зуд изҳори муҳаббат карданашон лозим аст. Нафарони оиладор ҳангоми рафъи мушкилиҳои рӯзгор ва хариди калон бояд боэҳтиёт бошанд, кор бо муноқиша анҷом ёфта метавонад.

Ҷавзо

Дар моҳи январ ҳаёти шахсии зодагони мучали ҷавзо табъи дилашон сурат мегирад. Муҳим он аст, ки лаҳзаи тақдирсозро аз даст надиҳед. Агар бо амри дили худ амал намоед, ғалат намекунед. Нафарони муҷаррад дар моҳи январ ҳамсафари ҳаётии худро бо як нигоҳ мешиносанд. Маслиҳатгари асосии шумо қалбатон аст, он шуморо фиреб намедиҳад. Ба нафароне, ки дар муносибатҳои пешинаи худ нуқта нагузоштаанд, муносибатҳои нави ошиқона оғоз карданро тавсия намедиҳем. Нафарони оиладор дар фикри ҷудо шудан аз оилаи худ мешаванд, вале дар ин бобат хуб андеша карданро маслиҳат медиҳем.

Саратон

Зодагони мучали саратонро лозим аст, ки ҳангоми сари қарори муҳиме омадан дар ҳаёти шахсӣ ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд. Дар ин моҳ нобарориҳои ошиқона табъатонро хираву фикратонро парешон намесозад. Нафарони муҷаррад муҳаббати худро пайдо карда метавонанд. Имкониятҳоеро, ки тақдир бароятон вогузор менамояд, аз даст надиҳед. Аз кунҷи хона нишастан худдорӣ намоед, бештар ба ҷашну маъракаҳо равед. Муноқишаҳои ночизе, ки дар ҳаёти нафарони оиладор сар мезанад, муҳаббаташонро қавитар месозад. Баъзеҳо хостгор пайдо мекунанд, вале барои розигӣ додан шитоб накунед.

Асад

Дар моҳи январ зодагони мучали асад ба муҳаббату меҳрубонӣ ниёз доранд. Мутаассифона, бо намояндагони ҷинси муқобил забон ёфтанатон душвор мегардад, сабаб дар хислати душвори худи шумо аст. Аз изҳори муҳаббат намудану самимӣ будан натарсед. Нафарони муҷаррад дар атрофи худ ошиқони зиёдеро пайдо мекунанд ва бо меҳрубониву ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд. Оиладорон бовариву ҳамдигарфаҳмии ҷуфти худро ба даст меоранд. Агар шумо бо намояндаи мучали далв оиладор шуда бошед, ба ҳеҷ ваҷҳ кӯшиши фиреб додани ӯро накунед.

Сунбула

Зодагони мучали сунбула дар моҳи январ шавқу рағбат ва субот меҷӯянд. Ба майлу хоҳишҳои дил дода нашавед, оқибати амалу рафтори худро андеша намоед. Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи муҳаббат ҳастанд, бо сабаби аз ҳад зиёд нисбати дилдодаи худ талабу иддао доштан ба мақсад намерасанд. Бештар дар мавзеҳои ҷамъиятӣ қарор гирифта, имкони пайдо намудани бахти худро пайдо менамоед. Оиладорон аз навгонӣ ё туҳфаҳои ногаҳонии ёри худ ба ваҷд меоянд. Маҳз бо шарофати ҳамин мурғи меҳру муҳаббат дар фазои кошонаи шумо танинандоз мегардад.


Вазорати Корҳои Дохилии Тоҷикистон аз сар задани боз як садамаи хунин хабар медиҳад, ки боиси марги кӯдаки бегуноҳе гаштааст.

 


Мизон

Дар ҳаёти шахсии зодагони мучали мизон ҳамдигарфаҳмӣ ва оромиш дида мешавад. Ин бо шарофати он аст, ки шумо оқибати амалу кирдори худро хуб андеша намуда, ба ғалату камбудиҳо роҳ намедиҳед. Чунин дурандешӣ боиси рафъ гардидани нофаҳмиву низоъ бо ҷуфти ҳаётӣ мегардад. Нафарони муҷаррад фаъолу ташаббускор мешаванд. Самимият ва покдилӣ нафарони зиёдеро ба шумо ошиқ мегардонад. Барои он ки муҳаббати самимиро аз даст надиҳед, аз ишқбозиҳои сабукфикрона худдорӣ намоед. Нафарони оиладор овозаву ғайбатеро шунида, дар оташи рашк месӯзанд.

Ақраб

Зодагони мучали ақраб бо шавқу рағбати беандоза ба эҳсосот дода мешаванд. Амалҳои ғалатӣ ва ғайриодии шумо диққати намояндагони ҷинси муқобилро ҷалб месозад. Вале дар шавқу завқ боэҳтиёт бошед. Ошиқи зиёд доштанатон боиси он мегардад, ки бо бадӣ ном мебароред. Нафароне, ки аллакай дӯстдошта доранд, гунаҳкори сар задани нофаҳмиву низоъ дар муносибатҳояшон мегарданд. Дар пеши чашми дӯстдоштаатон нисбати нафари дигаре меҳрубонӣ зоҳир карданатон боиси бедор шудани рашк ва дар хиёнат шуморо гунаҳкор донистанаш мегардад.

Қавс

Дар муносибатҳои ошиқона барор ҳамсафаратон мегардад. Имкони амалӣ сохтани орзуву омоли худро пайдо месозед. Хушчақчақӣ ва самимият нафарони зиёдеро ба шумо моил мегардонад. Аз ҳад зиёд сарсупурдаи кор нашавед, вагарна ҳаёти шахсиятон дар ҷои дуюм қарор мегирад. Фаромӯш насозед, ки муҳаббат дар касбу коратон пару бол мебахшад. Нафароне, ки ҳанӯз бахти худро пайдо накардаанд, ошиқ мешаванду аз муҳаббати ёрашон меболанд. Наздикон шуморо бо нафаре оиладор кардан мехоҳанд, ки дӯсташ намедоред ва дар натиҷа азоби руҳӣ мекашед.

Ҷаддӣ

Дар моҳи январ зодагони мучали ҷаддӣ муҳаббати поку беолоиш мехоҳанд. Барои ба мақсад расидан бояд самимиву содиқ бошед. Нафарони муҷаррад аввали сол фаъолу ташаббускор мешаванд, чанд нафари арзандае пайдо мешаванд, ки ба муҳаббати шумо лоиқ ҳастанд. Аз миёни онҳо ҳамонеро интихоб намоед, ки хислатҳоятон бо ҳам мувофиқат намояду нигоҳатон ба зиндагӣ тавъам бошад. Кӯшиш намоед, ки ҷиҳатҳои беҳтарини хислати атрофиёнро пайдо карда тавонед. Оиладорон бо ҳамсафари ҳаётии худ баҳсу мунозираи бемаънӣ карда, дучори нофаҳмиву зиддият мешаванд.

Далв

Дар ҳаёти шахсии зодагони мучали далв ҳодисаҳои душвор сар мезананд. Эҳтиёткор буданатон лозим аст, аз амалҳои бемулоҳиза худдорӣ намоед. Нафарони муҷарраде, ки дар ин моҳ муносибатҳои ошиқонаро оғоз менамоянд, дучори ноумедиву таассуф мегарданд. Охири моҳ ошиқи пештари худро вохӯрда, эҳсос мекунед, ки ҳанӯз ҳам меҳратон нисбаташ кам нашудааст. Нафароне, ки дӯстдошта доранд, аз нофаҳмиву низоъ азият мекашанд. Сири дӯстдоштаи худро фаҳмида, ба ҳолати изтироб афтиданатон мумкин аст. Беҳтараш ба овозаҳо бовар накарда, ҳақиқатро аз забони ёратон фаҳмед. Оиладорон бе ягон сабаб нисбати ҳамсафари ҳаётии худ рашк пайдо мекунанд.

Ҳут

Зодагони мучали ҳут дар ҳаёти шахсӣ дучори мушкилиҳое мешаванд, ки бар асари он сари калобаи худро гум мекунанд. Барои ба худ омадану қарори дуруст баровардан дар танҳоӣ истироҳат карданатон лозим аст. Хушҳолӣ ва фаъолии нафарони муҷаррад диққати ошиқони зиёдеро ҷалб месозад. Ошиқ мешавед, вале аз ишқи кӯтоҳмуддат танҳо хотироти ширин мемонад. Нафароне, ки ошиқанду мунтазам бо ёри худ муноқиша мекунанд, бояд сари қароре биёянд. Оиладорон дучори норозигӣ ва иддаои ҳамсафари ҳаётӣ мегарданд. Сабур бошеду бодиққат арзу доди ёратонро гӯш кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД