Formula novemver 2024
Ошиқам шавҳардориамро намедонад!
2574

Салом кормандон ва хонандагони азизи ҳафтаномаи «Оила”. Ман як зани соҳибмаълумот ва модари ду фарзанди дӯстрӯй ҳастам.

Дар мактаб муаллима шуда кор мекунам. Шавҳарам марди меҳрубон ва зебо асту бо тақозои зиндагӣ мисли дигар ҷавонмардои тоҷик аз пайи ризқу рӯзӣ ба Русия рафта меояд.

Рӯзе ба хоҳарам занг заданӣ шуда аз саросемагӣ як рақамро хато чидаам. Аз он ҷониб як овози фораме ба гӯшам расида маро мафтун кард. Аз он ҷониб овози ширине ба гӯш расид. Садо чунон форам буд, ки маро мафтун кард. Худамро гум карда канда-канда гуфтам: “Бубахшед, ман хато кардам.” Ҷавонмард “ҳеҷ гап не” гӯён, гӯширо хомӯш кард, вале соатҳои 10-и шаб боз аз ҳамон рақам ба телефони ман занг омад. Гумон кардам, ки ин дафъа ҷавон хато кардааст, вале ба ҳар ҳол гӯширо бардоштам. Шиноси ношиносам ба ман чунон суханҳои ширине гуфт, ки обу адо шуда, зани шавҳардор буданамро фаромӯш кардам. Ҳамин тавр, мо бо ҳам шинос шудем. Иқрор нашудам, ки оилаю ду фарзанд дорам. Ошиқам то ҳол гумон мекунад, ки духтараки ҳанӯз шавҳар накардаам. Вай девонавор ба ман дил баста ҳар рӯз бароям ягон туҳфа мефиристад. Мегӯяд, ки ман ҳаётамро бе ту дигар тасаввур карда наметавонам. “Туро ба ҳеҷ кас намедиҳам” гӯён, ин ҷавони содадил ба хонаи мо хостгор фиристоданист. Чанд бор ӯро дашному ҳақорат кардам, гапҳои қабеҳ задам, то дилаш аз ман монад, вале меҳраш торафт зиёдтар мешаваду кам не. Вай домони маро раҳо карданӣ нест. Дирӯз бо шавҳарам телефонӣ суҳбат доштам. Гуфт, ки имсол кораш чандон хуб нест ва ду-се моҳи дигар истода ба хона бармегардад. Метарсам, ки суҳбатҳои телефонии ман бо ин ҷавони ношинос боиси беобрӯ ва хонавайрон гаштанам мешавад. Бо он ҷавон чақ-чақ карда, ман ҳеҷ гумон надоштам, ки вай ба ман ин қадар сахт дил мебандад. Хатои ман ҳамин буд, ки шавҳардор буданамро аз аввал нагуфтам, акнун дар миёни дуроҳаи зиндагӣ монда, намедонам чӣ хел аз ошиқи шилқин халос шавам. Аз кори кардаам сахт пушаймон ҳастам, аммо намедонам чӣ тавр хатои худро ислоҳ намоям.


Соле танҳо як маротиба ба Ватан ба аёдати хешу табор омада, чанд вақт дар Тоҷикистони азиз меҳмон мешедему як ё ду моҳ пас боз ба мулки рус бармегаштем. 


-хӯҷандӣ_1


Хонандагони азиз, ман шавҳару фарзандонамро дӯст медорам ва аз рӯйи суҳбатҳои бемаънии телефонӣ бо як ҷавони ношинос хонаи бахтамро вайрон кардан намехоҳам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ хел аз ин варта худро берун кашам?

Хонандаи “Оила”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД