Ортиқи Қодир 14-уми марти соли 1956 дар деҳаи Нилӯи ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Дар саҳнаи театр даҳҳо нақши хурду бузургро иҷро кардааст, аз ҷумла дар намоишҳои “Қиёми Лоҳутӣ”, “Вопасин арӯси Амиралмуъминин”, “Тахти Султон Маҳмуд”, “Рӯдакӣ”, “Фирдавсӣ” ва ғ. Солҳои 1991-1995 актёри театри мазҳакавии “Ойина” буд. Нақшҳояш дар намоишномаҳои телевизионие ба мисли “Ҳаёт ва ишқ”, “Кадри ҳавоӣ” ва “Ашки сӯзон” ба ӯ маъруфияти бештар овард.
Муддате кори журналистӣ ҳам кардааст. Солҳои 1996-2001 муовини сардабири ҳафтаномаи “Чархи Гардун” буд. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд. Унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дорад.
-Дар намоишномаи “Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё” яке аз нақшҳои мазҳакавиро бозидаед. Баъди иҷрои нақшҳои драммавӣ ва офаридани образи шоирон, иҷрои нақши мазҳакавӣ бароятон душвор набуд?
-Ман давоми панҷ-шаш сол ҳамроҳи устод Убайдулло Раҷабов ҳунарманди театри “Оина” будам. Яъне, таҷрибаи иҷрои нақшҳои мазҳакавиро аз солҳои пеш доштам, ҳатто кори дипломиам намоиши ҳаҷвӣ буд. Бо Убайдулло Раҷабов ва Саидмурод Мардонов мо як ансамбли сенафара омода кардем, ки “Театр андар театр” номгузорӣ шуда буд. Намоиши “Каҷ шину рост бин”-ро, ки аз саҳнаҳои хурди мазҳакавӣ омода шуда буд, таҳия кардем, онро мардум ба хубӣ истиқбол кард. Дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ низ чанд нақши мазҳакавӣ бозидаам.
Яъне, барои ман жанри мазҳака нав нест, вале намоиши “Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё” барои ман як саҳифаи навест. Аз ибтидо ман нақши Мавлонро тамрин кардам. Ӯ падаре аст, ки барои ҷалби таваҷҷуҳи фарзандонаш худро ба мурдан мезанад ва аз ҳуҷра ба “ҷаноза”-и хеш менигарад. Ин нақшро мо бо Асалбеки Назрӣ тамрин кардем, яъне дублёр будем. Вақте, ҳампешагони мо бо баъзе сабабҳо ба тамрин омада натавонистанд, коргардон ба ман нақши ҳамсоя ва ҷӯраи Мавлон - Авазро пешниҳод кард. То нахустнамоиш ҳамагӣ ду рӯз монда буд. Ман дар ду рӯз ин нақшро омода кардам.
-Ин намоишнома чӣ паёме дорад?
-Паёми намоиш ҳамин аст, ки дар зиндагӣ ба қадри волидон, ба қадри якдигар, ба қадри пайвандон бирасед. Ин қадар бастаи ҳавову ҳавас, бастаи дунё нашавед. Ҳамон арзишҳое, ки пештар буданд, яъне меҳру муҳаббату самимияту эътиқодро аз нав эҳё намоем. Яъне, баъд аз мурдан мушт ба сина накӯбему дар зиндагӣ ба қадри ҳам бирасем.
-Ҷомеаи имрӯз бештар ба чӣ гуна намоишҳо ниёз ва завқ доранд?
-Мардуми мо хандаро дӯст медоранд. Вале завқи онҳоро гурӯҳҳои масхарабозу ҳаҷвнигорони кӯчагӣ бо саҳнаҳои соддалавҳонаву намоишҳои содда паст кардаанд. Бештари мардум саҳнаҳои пурпечутоб ва фоҷеаҳои калонро намефаҳманд, вале забони ҳаҷв, ки содда аст, ба дили мардум зуд роҳ меёбад.
-Дар ҷое шунидам, ки душвортарин жанр мазҳака аст. Шумо чаро онро сабук мешуморед?
-Ман гуфтанӣ нестам, ки мазҳака сабук аст. Баръакс, он аз ҳунарманд маҳорати бештар талаб мекунад, вале забону баёни мазҳакаро мардум сабуктар дарк мекунанд.
-Имрӯз ҳам овардани тамошобини “иҷборӣ” ба театр то ҳанӯз вуҷуд дорад?
-Касе иҷборӣ ба театр намеояд. Маъмурони театр ба корхонаҳо мераванд. Мегӯянд, ки мо фалон рӯз фалон намоиш дорем, коргаронатонро ба ҳамон намоиш ҷалб кунед. Агар онҳо розӣ шуданд, меоянд, нашаванд не. Яъне, касеро баста ба театр намеоранд.
-Оё ба инобат гирифта мешавад, ки киро ба кадом намоиш даъват кард?
-Намоишҳо аслан ба ҳама нигаронида мешаванд. Мо наметавонем, ки барои ҳар қишри ҷомеа намоиши махсус омода кунем. Албатта, дар театр намоишҳои фалсафӣ ва таърихӣ ҳам ҳастанд, ки тамошобинони хос доранд. Боз намоишҳое ҳастанд, ки ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа равона шудаанд. Яъне, имрӯз театр барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа намоиш дорад. Муҳим ки мардум оянд ва ғизои маънавӣ бардоранд.
-Чанде қабл ҳунарманди ҷавон Абдукарим Машрабов директори Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ таъйин шуд. Фаъолияти театр баъди омадани роҳбари ҷавон чӣ гуна аст?
-Роҳбари нав фарзанди ҳамин театр аст. Бачаи серталош ва бағайрат аст. Ҷавон ки ҳаст, мехоҳад бештар ҷавононро ба театр ҷалб кунад. Баъд аз таъиноташ барои ишғоли ҷойҳои корӣ кастинг эълон кард. Дар студияи назди театр низ ҷавонон ҷалб мешаванд. Умед аст, ки дар ояндаи наздик сафи ҳунармандони ҷавону боистеъдод дар театри мо меафзояд.
-Шумо аз хурдӣ намехостед ҳунарманд шавед, вале чӣ шуд, ки дар ин ҷода солиёни зиёди умратонро сарф кардед?
-Вақти таҳсил дар мактаби қишлоқ бисёр мехостам ба факултаи шарқшиносӣ дохил шавам, вале аз сабаби надонистани забонҳои хориҷӣ ин орзуи ман ҷомаи амал напӯшид. Ҳамон сол Донишкадаи санъат таъсис ёфт ва мо аввалин довталаби он шудем. Ҳамин тавр, бо амри тақдир ҳунарманд шудам.
-Таи чанд сол ҳамчун журналист низ фаъолият кардед. Ин соҳа ба шумо чӣ дод?
-Бисёр чиз дод. Ман дарк кардам, ки “Он ки сухан бар сухане зам кунад, қатрае аз хуни ҷигар кам кунад”. Солҳо дар ҳафтаномаи “Чархи гардун” бо шахси фозил, ҷавонмарди асил, беҳтарин марди майдони сухан Акбарри Саттор кор кардам. Ба журналистика рафтани ман тасодуфӣ буд. Солҳои 90-ум кор дар театр душвор шуд. Маош набуд. Вазъи кишвар ноором. Чанде бекор мегаштам. Як рӯз бо Акбари Саттор вохӯрдам. Чун фаҳмид бекорам, гуфт: “Ман як нашрияи тоҷикӣ таъсис дода истодаам. Биё, ҳамроҳи ман бош. Кор накун, фақат бо ман бош...”. Вале ман дар “Чархи гардун” зиёд навиштам. Дар ин росто бо бисёр шахсиятҳои маъруф ошноӣ пайдо карда, ҳамкорӣ намудам. Дунёи журналистика сатҳу ҳамвор нест, то ҷое хатарҳо дорад.
-Шуморо ҳамчун ровии маъруф ҳам мешиносанд. Чаро чун Маҳмудҷон Воҳидов намоишҳои шеърӣ таҳия намекунед?
- Ман албатта, худамро ҳеҷ гоҳ дар сатҳи Маҳмудҷон Воҳидов намегузорам. Ҳақ ҳам надорам. Вале дар ин самт кӯшишҳо кардаам. Дар театри Халқии шаҳри Ҳисор шаби эҷодии худро бо шеър гузаронида будам. Дар Китобхони миллӣ низ маҳфили эҷодӣ доштам. Дар оянда чунин нақшаҳо дорам.