Sebiston new 2024 october
ОМИНА: ДУНЁИ РӮШАН ОН РӮЗ ДАР НАЗАРАМ ТОРИКИСТОН ШУД
3866
ОМИНА: ДУНЁИ РӮШАН ОН РӮЗ ДАР НАЗАРАМ ТОРИКИСТОН ШУД

Ин ҷавондухтари парипайкар ОМИНА ном дошта, ҳамагӣ бисту ҳафт сол дорад, аммо қалби ӯ дар баҳри ғаму андӯҳ дар айёми тиллои умраш ғарқ гаштааст. Оминаи зиндадил даҳ сол боз рӯзи равшанро намебинад. Шом буд, ба умед сар ба болин гузошту субҳ бо чашмони нобино бедор шуд. ҳарчанд чашмонашро кушодан мехост вале дунё дар назараш торикистон менамуд. Гиря кард, фарёд зад, наздиконаш ба дари садҳо духтур бурда бошанд, ҳам ба дарди Омина шифо ёфта натавонистанд.  

Пас аз ин барои дар оянда соҳиби кору зиндагии шоиста шудан, ӯ пайваста  ҷиду ҷаҳд мекард. Оминаи маҳинсухану орзупарвар зиндони олами торикӣ гардид. Ба ёд овардани он рӯзи талхи тақдирсӯз барои Оминаи қалбшикаста, ки дар кӯдакӣ қиблагоҳашро низ аз даст дода буд, басо душвор аст.

Омина орзу дошт, ки журналист шаваду мушкили дармондагону бенавоёнро осон гардонад. Ӯ ҳеҷ ба гӯшаи хайёлаш намеовард, ки ба зудӣ бозичаи дасти тақдир мегардад.

Сарнавишти ин духтараки паричеҳраи нобиноро донистан хоҳед, пас ба видеои зер назар намоед!


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД